14:14 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Рустам Назарзода дар нишасти матбуотии Агентӣ

Назарзода ба Кортни Гол: ҳамкориро дар оянда мустаҳкам хоҳем кард

© Sputnik Амир Исаев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Кортни Гол дар Агентӣ аз утоқи нигоҳдории маводи мухаддир, тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ ва бухории махсус барои сӯзонидани нашъа боздид кардаст.

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров субҳи рӯзи ҷумъа бо Департаменти давлатии Амрико оид ба масъалаҳои Тоҷикистон Кортни Гол мулоқот намуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Агентӣ.

Зимни мулоқот Назарзода Кортни Голро бо вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, ташаббусҳои ҳукумат дар соҳаи назорати маводи мухаддир ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа шинос намуд.

Инчунин дар Агентӣ Кортни Гол аз утоқи нигоҳдории маводи нашъаовар, тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ ва бухории махсус барои сӯзонидани нашъа дидан намудаст.

"Масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентӣ ва Сафорати ИМА дар Душанбе дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва дурнамои рушди он муҳокима гардиданд",- фазуд манбаъ.

Мавзуъ

Дар Душанбе беш аз 1 тонна маводи мухаддиро оташ заданд
Барчаспҳо:
утоқ, сӯзондан, нашъа, мулоқот, муҳокима, Амрико, Сафорати ИМА дар Душанбе, Департаменти давлатии амрико оид ба масъалаҳои Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Кортни Гол, Рустам Назарзода, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ