Медведев: алайҳи тамаддуни дунё ҷанг эълом шудааст

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкДмитрий Медведев. Акс аз бойгонӣ
Дмитрий Медведев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахуствазири Русия гуфт, суқути ҳавопаймои Русия дар ҷазираҳои Синай ва амалиётҳои террористӣ дар Порис вазъи ҷаҳонро мутташаниҷ сохтаанд.

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Суқути ҳавопаймои русии А321 дар Миср ва силсилатаркишҳову амалиётҳои террористӣ дар Фаронса талафоти гароне дар пай доштанд ва ин ҷанг алайҳи тамаддуни тамоми олам эълом гардидааст, изҳор дошт сарвазири Русия Дмитрий Медведев.

"Теракти ҳавопаймои мо ва амалиётҳои даҳшатафкан дар Порис- талафоти бузурге буд, дар пайи ин ҳаводис даҳҳо нафар қурбон шуданд. Ин фоҷиаҳо вазъи ҷаҳонро ташдид бахшиданд. Хатарҳо глобалианд ва мутаасифона,  воқеъият доранд",- қайд кард Медведев аснои суҳбат бо журналистон дар Манила, ки ба ин ҷо барои ширкат дар ҳамоиши иқтисодии АТЭС омадааст.

ХФА-и Русия барои пайдо кардани террористҳо $50 миллион медиҳад

Ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалимавиа", ки рӯзи 31 октябр бо 224 мусофиру сарнишин ба тарафи шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард, баъд аз чанд дақиқаи тарки фурудгоҳи шаҳри   Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синой ба замин сарозер шуд. Бар асари ин ҳодиса ҳамаи 224 мусофир ва сарнишини ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд.

Қаблан муфаттишон фарзияеро пешниҳод карда буданд, ки дар дохили ҳавопаймо бомб таркидааст ва аз ин рӯ Airbus A-321 дар фазо пора-пора шуд. Рӯзи 17 ноябр раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников дар мулоқот бо раисиҷумҳур Владимир Путин  бо такя ба натиҷаҳои тафтишот хабар дод, ки Airbus A-321бар асари ҳамлаи террористӣ суқут кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳавопаймо маводи таркандаи баробар ба як кило тротил мунфаҷир шудааст.

Дар бомбгузориву ҳамлаҳои охири ҳафтаи гузашта дар пойтахти Фаронса бошад,  132 нафар кушта шуданд. Ҳашт террорист низ кушта шуданд ва бисёре аз онҳо камарбандҳои таркандаашонро ба ҳаракат даровардаанд.

Лентаи хабарҳо
0