20:31 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Амалиёти пулис дар шаҳраки Сен-Дении Порис

Дар Фаронса вазъи фавқулодда то се моҳи дигар тамдид шуд

© AP / Thibault Camus
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҳамлаҳои хунин дар Порис: изтироби ҷаҳониён (12)
12 0 0

Бо дастури комиссариатҳои полис кормандони ҳифзи тартибот ҳуқуқ пайдо карданд, ки берун аз вақти хидмат ҳам бо худ силоҳ дошта бошанд ва дар сурати ҳамлаи террористӣ аз он истифода баранд.

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Маҷлиси миллии Фаронса рӯзи гузашта вазъи фавқулоддаро дар кишвар то се моҳи дигар тамдид кард.

Вазъи фавқулодда дар Фаронса пас аз ҳамлаҳои террористӣ дар Порис ҷорӣ шуд, ки дар пайи онҳо 129 нафар қурбон гардида, 350 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Зимнан, бо дастури комиссариатҳои полис, кормандони ҳифзи тартибот ҳуқуқ пайдо карданд, ки берун аз вақти хизмат ҳам бо худ силоҳ дошта бошанд ва дар сурати ҳамлаи террористӣ аз он истифода баранд.

Қабл аз раъйдиҳӣ дар парлумон оид ба тамдиди вазъи фавқулодда Мануэл Веллс, нахуствазири Фаронса, аз имкони истифодаи силоҳи кимиёвӣ ё биологӣ дар кишвар аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ ҳушдор дод.

Додситони Порис Франсуа Молен аснои суханронӣ дар парлумон гуфт, дар амалиёти ахири мақомот дар пойтахти кишвар ду террорист кушта шуд, яке аз онҳо занест, ки ҳангоми ҳамлаи полис худро тарконидааст.  

Мавзуҳо:
Ҳамлаҳои хунин дар Порис: изтироби ҷаҳониён (12)
Барчаспҳо:
ҳамлаҳои террористӣ, ҳамлаи пулис ва инфиҷор, вазъи фавқулодда дар Порис тамдид шуд, ҳаводиси Порис, додситони Порис, нахуствазири Фаронса, Франсуа Молен, Мануэл Веллс, Сен-Дени, Порис, Фаронса

Мавзӯъҳои асосӣ