06:52 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Чанд тан аз афроди мусаллаҳ ба як меҳмонхона дар шаҳри Бамако, пойтахти Малӣ ҳамла карданд. Айни ҳол мақомоти қудрати талоши раҳо кардани гаравгонҳоро доранд.

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Рӯзи 20 ноябр дар дохили меҳмонсарони Radisson Blu садои тири автомат ба гӯш мерасид, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизионии NBC News.

Дар ҳамин ҳол, соҳиби шабакаи меҳмонсароҳои "Rezidor Hotel Group" гуфт, ки ду нафари мусаллаҳ ҳадди аққал 170 нафар — 140 меҳмон ва 30 корманди меҳмонхонаро гаравгон гирифтаанд.

Ба иттилои радиои фаронсавоии RFI, ҳамлагарон бо мошинҳои дипломатӣ ба меҳмонсаро омада, қабл аз ворид шудан дар хиёбони канори он тирандозӣ карданд.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки дар тирандозӣ муҳофизони меҳмонсаро кушта шудаанд. Телевизионии BBC ҳам гуфтааст, ки дар ин ҳамла ҳам кормандони меҳмонсаро ва ҳам мизоҷон кушта шудаанд.

Меҳмонхонаи Radisson Blu дар Бамако миёни мансабдорон ва мутахассисони хориҷии муқими Малӣ хело маъруф аст. Кормандони полис атрофи меҳмонхонаро печонида гирифтаанд.

Моҳи августи соли равон дар як чунин гаравгонгирӣ аз сӯи гурӯҳи тундрав дар меҳмонсарои "Библос"-и шаҳри Севаре 13 нафар — чаҳор низомӣ, панҷ корманди дафтари Созмони милали муттаҳид ва чаҳор тан аз ҳамлагарон ба ҳалокат расида буданд.

Барчаспҳо:
170 нафар гаравгон, ҳамла ба меҳмонхона, гаравгонгирӣ дар Малӣ, Севаре, Rezidor Hotel Group, Бамако, Малӣ

Мавзӯъҳои асосӣ