20:57 29 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Ҳамкории муштараки мақомоти қудратии Русия ва Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳое амсоли терроризм ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир мусоидат мекунад.

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Неруҳои интизомии Тоҷикистону Русия дар бахши пешгирӣ аз ҷиноёти марбут ба ҳаросафканӣ, муомилоти ғайримуҷози нашъа ва терроризм ҳамкории танготанг доранд, изҳор дошт вазири умури дохилаи Русия Владимир Колоколтсев.

Ин ҳарфҳоро ӯ дар ҷаласаи муштараки вазороти корҳои дохилии ду кишвар, ки дар Маскав баргузор гардид, иброз дошт.

"Новобаста аз равандҳои мураккаби геополитикӣ, даргириҳои муддавом дар наздикии марзҳои мо, фаъолшавии гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ ва мушкилотҳои иқтисодӣ мақомоти қудратии ду кишвар ҳамкориҳояшонро тақвият бахшида, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд",- афзуд Колоколтсев.

Ҳамзамон ӯ қайд кард, ки яке аз бахшҳои авлавиятдошта дар масири ҳамкориҳои дуҷониба муборизаи муштарак алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир маҳсуб ёфта, сол то сол дастандаркорони он бештар боздошту муҷозот мешаванд.

Колоколтсев аз воридшавии маводҳои синтетикии нашъаовар низ ибрози нигаронӣ кард.

Ба қавли вазири умури дохилаи Русия, дар ҳоли ҳозир фаъолшавии ҳамкории ду мақомоти қудратӣ ба назар расида истодааст. Ҳамин тавр, кормандони умури дохилаи ФР соли гузашта дар маҷмӯъ аз гардиши ғайриқонунӣ беш аз 10 тонна маводи мухаддир мусодира карданд. Тайи 9 моҳи соли равон бошад, ин рақам муодили 7 тонна арзёбӣ мегардад.

Дар чорчӯби ҳамоиши муштарак роҳҳои мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи нашъа баррасӣ гардида, ба сатҳи ҳамкории илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва бозомӯзии кормандон дахл карда шуд.  

Барчаспҳо:
ҳамкории танготанг, кашфу мусодираи беш аз 10 тонна маводи мухаддир, пешгирии терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз он, коллегияи муштараки ВКД-и ҶТ ва ФР, ВКД ФР, Владимир Колоколтсев, Тоҷикистон, Душанбе, Маскав, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ