03:17 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Александр Грушко. Акс аз бойгонӣ

Грушко ба НАТО: Туркия Су-24-и ФР-ро амдан сарнагун кардааст

© Sputnik / Григорий Сысоев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
Суқути Су-24-и Русия: сабаб ва пайомадҳои он (18)
52 0 0

Ба қавли дабири кулли НАТО, Вершбоу ба намояндаи Русия дар НАТО иброз доштааст, ки ин ташкилоти ҳарбии аврупоӣ аз мавқеъ ва амалкарди Туркия ҷонибдорӣ менамояд ва тарафҳоро ба соддагардони вазъ даъват мекунад.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Маълумот ва далелҳо дар бораи ҳамлаи барқасдонаи неруҳои низомии Туркия ба ҳавопаймои ҷангии Су-24-и Русияро намояндаи доимии ФР дар НАТО Александр Грушко дар ихтиёри муовини дабири кулли ин созмон Александр Вершбоу гузошт, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Воқеъан, ман бо муовини аввали дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) оқои Вершбоу дар бораи суқути ҳавопаймои ҷангии Су-24-и Русия дар ҳарими ҳавоии Сурия аз ҷониби низомиёни Туркия суҳбат доштам. Зимнан, далелу арқоми мушаххасро, ки коршиносони ҳарбии мо дар ихтиёрамон гузоштааанд, ба ӯ пешниҳод кардам. Хулосаи таҳқиқ ин аст, ки ба ҳавопаймои русӣ дар Сурия амдан ҳамла карда, онро нобуд кардаанд",- изҳор дошт Грушко.

Қаблан, дабири кулли НАТО ҷаноби Йенс Столтенберг гуфт, ки рӯзи душанбе Грушко ва муовини созмони Атлантики Шимолӣ Александр Вершбоу мавзӯъи марбут ба суқути Су-24-и ФР-ро баррасӣ карданд. Ба қавли ӯ, Вершбоу ба намояндаи Русия дар НАТО иброз доштааст, ки ин ташкилоти ҳарбии аврупоӣ аз мавқеъ ва амалкарди Туркия ҷонибдорӣ менамояд ва ҷонибҳоро ба соддагардони вазъ даъват мекунад.

Рӯзи сешанбеи гузашта ҳавопаймои Су-24 дар хоки Сурия суқут кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин пас аз ин ҳодиса гуфт, ин ҳавопаймо тавассути зарбазани "F-16"-и марбут ба неруҳои Туркия дар қаламрави Сурия сарнагун карда шудааст. Оқои  Путин ин қазияро ҳамчун "задани ханҷар аз пушт" аз ҷониби шарикони террористҳо хонд.

 

Мавзуҳо:
Суқути Су-24-и Русия: сабаб ва пайомадҳои он (18)
Барчаспҳо:
танишҳо дар муносиботи Туркия ва Русия, сарнагун кардани ҳавопаймои ҷангии Русия, суқути Су-24 дар Сурия, намояндаи доимии ФР дар НАТО, Дабири кулли НАТО, НАТО, Йенс Столтенберг, Александр Грушко, Александр Вершбоу, Туркия, Сурия, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ