16:43 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Намояндаи расмии ВКХ-и Русия Мария Захарова. Акс аз бойгонӣ

ВКХ ФР: эътилофи таҳти сарварии ИМА алайҳи ДИИШ “бозӣ” аст

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Амалиёти эътилоферо, ки Вашингтон алайҳи ДИИШ роҳандозӣ кардааст, бозие беш донистан ғайримумкин аст, он мухолифи тамоми меъёрҳои байналмилалӣ буда, сиёсатбозӣ мебошад.

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Маскав бар ин назар аст, ки ИМА таҳти ливои мубориза бо ДИИШ (Давлати исломии Ироқу Шом) аҳдофи сиёсии худро дар минтақа ва ҷаҳон пиёда мекунад, изҳор дошт намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия Мария Захарова.

"Мутаасифона, баҳои мо дар қиболи онҳо мисли қаблӣ боқӣ мемонад. Мо метавонем, бигӯем, ки эътилоф дар мубориза бо ДИИШ аз шевае истифода мекунад, ки он бештар ба бозӣ монанд аст, на чизи дигар. Ин амали эътилофи таҳти сарварии ИМА муғойир ба меъёрҳои байналмилалӣ ва муоҳадаҳои тавофуқшуда аст",- гуфт вай дар нишасти матбуотии рӯзи панҷшанбе.

Барчаспҳо:
изҳори назар, эътилоф, ҷанг дар Ироқ, ҷанг дар Сурия, ДИИШ, Мария Захарова, Русия, ИМА, Маскав, Вашингтон

Мавзӯъҳои асосӣ