17:21 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Хидматрасонии фаннии таслиҳоти низомии пойгоҳи 201

Русия ба Тоҷикистон кӯмаки низомӣ мекунад

© Фото : © Пресс-служба ЦВО
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
29 0 0

Русия ба артиши Тоҷикистон дар амри таъмини силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ кӯмак карда, бо ин аз вуруди гуруҳҳои ифротӣ аз Афғонистон ба қалмрави кишвар ҷилавгирӣ менамояд.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Мавзӯъи тамрини низомиёни тоҷик, кӯмаки низомӣ ва таҳкими марз бо Афғонистон, тақвияти ҳамкориҳои низомӣ ва амсоли ин аз сӯҳбатҳои аслии вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва муовини вазири мудофиаи ФР Анатолий Антонов маҳсуб меёфт.

"Дӯстону бародарони тоҷики мо имрӯз бо хатару таҳдидҳое аз Афғонистон рӯбарӯ ҳастанд. Мо барои кӯмак ба ҳамтоёнамон омодаем. Русия дар дохили пойгоҳи низомии худ мустақар дар Тоҷикистон, ба тамрини низомиёни тоҷик ба хотири муқобила бо гурӯҳҳои ифротӣ оғоз кардааст",- гуфт Антонов.

Маврид ба тазаккур аст, ки Русия ду сол қабл аз ин эълон намуда буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро кӯмаки низомӣ карда, дар таҷдиду навсозии артиши Тоҷикистон кӯмак мерасонад. Фаридун Маҳмадалиев мегӯяд, тамрини низомиён як ҷузъи ҳамин барнома ҳаст ва ҳоло дар назар аст, ки Русия дар таъмини артиши Тоҷикистон бо силоҳҳои замонавӣ низ кӯмак кунад.

Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия мустақар дар Тоҷикистон такягоҳи аслии ҳимоявии СПАД дар минтақа маҳсуб меёбад.

"Ба назари мо, агар вазъ дар Тоҷикистон ором бошад, дар Русия низ авзоъ ором хоҳад буд, аз ин дидгоҳ ба кӯмаки Душанбе омодаем",- илова кард муовини вазири дифоъи Русия.

Навсозии таслиҳоти артиши Тоҷикистон аз ҷумлаи ваъдаҳои Маскав дар ивази тамдиди замони будубоши пойгоҳи 201 мебошад. Русия дар бораи тезондани замони иҷрои ин созишнома рӯзи 23 декабри соли гузашта дар ҷараёни мулоқоти Сергей Шойгу ва Шералӣ Мирзо, вазирони дифоъи ҳар ду кишвар дар Маскав ваъда дода буд.

Мавзуъ

Антонов: Русия аз фаъолшавии ДИИШ дар марз бо Тоҷикистон нигарон аст
Барчаспҳо:
тамрини ҳарбӣ, таълими сарбозон, таслиҳоти ҳарбӣ, кӯмаки низомӣ ба Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Русия, СПАД, Сергей Шойгу, Шералӣ Мирзо, Анатолий Антонов, Маскав, Тоҷикистон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ