07:46 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Афюн дар Афғонистон

КДАМ: аз интиқоли 10 кг афюн ба Ӯзбакистон ҷилавгирӣ шуд

© wikimedia.org
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
30 0 0

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар қаламрави ноҳияи Панҷакент, дар наздикии марзи Ӯзбакистон амалиёти вижа роҳандозӣ карданд. Зимни он се сокини маҳаллӣ бо миқдори бузурги нашъа боздошт гардиданд.

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми қариб 10 кг афюни афғонӣ ба ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбакистон ҷилавгирӣ карданд, иттилоъ дод имрӯз дафтари матбуотии ин ниҳод.

"Дар манзили як сокини шаҳри Панҷакент 9,5 кг маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шуда дар иртибот бо ин қазия се сокини маҳаллӣ дастгир гардиданд",- омадааст дар иттилоъия.

Бино ба иттилои расмӣ, маводи мухаддири навъи "афюн"-ро дар хонаи истиқоматии сокин  Панҷакент пайдо кардаанд. Ин шаҳрван тибқи маслиҳати пешакӣ бо сокинони ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент ба ивази маблағи муайян ин миқдор маводи мухаддирро тавассути деҳаи Чепии ноҳияи Ургути ҷумҳурии Ўзбакистон ба қоҷокчиёни ин кишвар бояд месупориданд.

Барои ҷилавгирӣ аз кишти маводи мухаддир, қочоқи ғайриқонунии нашъа дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 20 май то 30-юми ноябри соли 2015 дар ду марҳила амалиёти «Кӯкнор-2015» гузаронида шуд.

Дар амалиётҳои мазкур кормандони вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, Кумитаҳои давлатии амнияти миллӣ, ҳифзи муҳити зист, телевизион ва радио, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ ширкат доштанд.

Мавзуъ

Боздошти ду шаҳрванди ҶТ бо 30 кг афюн дар Ӯзбакистон
Барчаспҳо:
қариб 10 кило мавод мусодира шуд, се сокини маҳаллӣ боздошт шуданд, мусодираи маводи мухаддир, афюн, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, КДАМ, Чепӣ, Ургут, Ӯзбакистон, Суҷинаи Панҷакент, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ