08:41 24 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеъи Ҳукумати ҶТ, 21 январи соли 2016

Раҳмон: ҳифзи сарҳад беш аз ҳарвақта ҳушёриро талаб мекунад

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Дар нишаст ба таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ ва таъминоти моддию техникии сохторҳои низомӣ, самарабахш ба роҳ мондани машқу машғулиятҳои ҳарбӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати роҳбарию фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни машварати корӣ бо раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ таъкид кард, ки ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон беш аз ҳарвақта омодагии доимӣ ва касбиро талаб мекунад, омадааст дар хабари нашршуда дар сомонаи расмии сардори давлат.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президент, субҳи имрӯз роҳбари кишвар бо роҳбарони вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар мақомоти дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъи нигаронкунандаи минтақа ва ҷаҳон масоили вобаста ба пурзӯр намудани омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, таҳкими мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ба мисли терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Ҳамзамон, дар машварат ба таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ ва таъминоти моддию техникии сохторҳои низомӣ, самарабахш ба роҳ мондани машқу машғулиятҳои ҳарбӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати роҳбарию фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

"Ҳифзи боэътимод аз марзи давлатӣ бо давлати исломии Афғонистон аз сохторҳои дахлдори кишвар беш аз ҳарвақта омодагии доимӣ, ҳушёрию зиракӣ ва маҳорату малакаи баланди касбиро талаб мекунад",- иброз дошт раисҷумҳур.

Дар робита ба таҳкими мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз тавсиаи ифротгароӣ таъкид гардид, ки бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла бо омӯзгорон ва мактаббачагону донишҷӯён, аҳли илму фарҳанг, ходимону олимони дин, сиёсатмадорону ҷомеашиносон ва дигар фаъолони ҷомеа доир ба пешгирӣ аз гумроҳсозии наврасону ҷавонони ноогоҳ бояд ҳамкории босамар ба роҳ монда шавад.

Мавзуъ

КДАМ таҷаммуъи ҷанговарони ДИИШ-ро дар марз рад кард
Барчаспҳо:
музокирот, амнияти минтақа, масъалаи марзи Тоҷикистону Афғонистон, маслиҳати раисҷумҳур, машварати корӣ, вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, президенти ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ

  • Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

    Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси мазкур, мақоми ҷадид гирифтааст

    3874
  • Мулоқоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Раисҷумҳури Русия унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватнома барои иштирок дар 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ирсол намудаст.

    1141
  • Мошини БДА

    Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав кашмакаши як ронандаи солхӯрда бо нозири роҳро, ки навори он ба интернет роҳ ёфта буд, баррасӣ карда, ронандаро ба андозаи беш аз 38 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

    1065