14:13 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Лоҳур. Омодагии неруҳои низомии Русия ва Тоҷикистон ба машқҳои таълимии ҷангӣ

Тамрингоҳҳои низомии Хатлон 50 ҳазор сарбозу афсарро “қабул” мекунанд

© Sputnik
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
34 0 0

Дар тамринҳо аз авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, аслиҳаи сабуки оташфишон ва артиллерия истифода шуда, он давоми шаш рӯз дар панҷ машқгоҳи ҷануби кишвар идома меёбад.

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар панҷ тамрингоҳи низомии вилояти Хатлон машқҳои таълимӣ-тактикии муштараки ҷузву томҳои пойгоҳи ҳарбии Русия дар ҶТ ва сарбозону афсарони артиши Тоҷикистон сурат мегирад.

"Ин тамринот аз 15 то 20 март баргузор шуда, машқҳои маҷмӯавии фаврӣ ва тактикии намояндагони сохторҳои қудратӣ, сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ, кормандони мақомоти давлатии кишвар ва хизматчиёни ҳарбии Русияро дар бар мегирад ва он аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон созмон дода мешавад",- омадааст дар хабари Вазорати мудофиаи ҶТ.

Машқҳо бо иштироки ҳудуди 50 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ва сарбозону афсарони эҳтиётӣ дар тамрингоҳҳои "Лоҳур", "Сумбула", "Момирак", "Ҳарбмайдон" ва "Ҳалқаёр" доир мегарданд.

Тибқи иттилоъи манбаъ, дар ин машқҳо хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ ширкат меварзанд. Теъдоди хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия, ҳамчунин шумори авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, ки дар машқҳо иштирок мекунанд, то аввали ҳафтаи равон мувофиқа мешавад.

Гуфта мешавад, дар машқҳо авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, аслиҳаи сабуки оташфишон ва артиллерия сафарбар мешаванд.

Мавзуъ

Муовини дабири кулли СПАД: тамриноти мо посух ба амалҳои НАТО нест
Барчаспҳо:
машқи муштарак, машқ, машқгоҳ, тамрин, Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Артиши Тоҷикистон, пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон, Қувваҳои мусаллаҳ, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ