09:31 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Пул ва таҷҳизоти тиббӣ. Акс аз бойгонӣ

Дар Душанбе як пизишки низомӣ бо иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шуд

© Flickr/ 401(K) 2012
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
41 0 0

Сардори шӯъбаи ҷароҳии беморхонаи марказии ҳарбӣ Қаҳҳор Сатторов ҳангоми гирифтани пора бо миқдори 16 ҳазор сомонӣ дастгир шуд.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Сардори шӯъбаи ҷароҳии беморхонаи марказии ҳарбии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон КДАМ  Қаҳҳор Сатторов бо иттиҳоми гирифтани пора муттаҳам мешавад, иттилоъ медиҳад Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия.

Қайд мешавад, ки сардухтур ҳинни маблағгирӣ боздошт шудааст.

Қаблан Сатторов барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани як ҷавон аз хешписари ӯ 4 ҳазор доллар талаб намудааст. Моҳи ноябри соли 2015 ӯ 2 ҳазорашро гирифтааст.

Ҳангоми гирифтани маблағи боқимонда-16  ҳазор сомонӣ —сардухтур аз ҷониби кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  дастгир шуд.

Мавзуъ

КДАМ: боздошти гурезаи афғону шарикаш бо 70 кг ҳашиш
Барчаспҳо:
сардори шӯъба, твбиб, пора, ришва, боздошт, Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия, Агентии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ