19:57 11 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Тамринот барои афсарону сарбозони Тоҷикистон дар машқгоҳи Лоҳур-и марбут ба пойгоҳи низомии 201

Беш аз 50 ҳазор низомӣ ва 950 техникаи ҳарбӣ ба “амалиёт” омодаанд

© Sputnik
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
Амалиёти "густурда"-и Русия ва Тоҷикистон алайҳи террористон (7)
0 0 0

Марҳилаи омодагӣ ба тамриноти низомӣ аллакай оғоз гардида, дар маҳалли амалиёт техникаву ҳарбиёни ҳар ду кишвар ҷамъ омадаанд.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Аз 15 то 20 марти соли равон, дар панҷ тамрингоҳи низомии Тоҷикистон, воқеъ дар вилояти Хатлон,  размоишҳои муштараки неруҳои ҳарбии Тоҷикистону Русия бо ҷалби беш аз 50 ҳазор афсару сарбоз, 950 техникаи  зиреҳпӯшу артиллерия, 32 ҳавопаймо ва чархболи низомӣ сурат мегирад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Барои аввалин бор дар таърихи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар баргузории тамринот ба ҷуз афсарону сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон, инчунин  нерӯҳои иловагӣ ва воситаҳои Округи  низомии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ФР низ иштирок мекунанд",- омадааст дар гузориши расмии ВМ ҶТ.

Манбаъ меафзояд, шурӯъ аз 9 март марҳилаи омодагӣ ба размоиш дар тамрингоҳҳои "Лоҳур", "Сумбула", "Момирак", "Ҳарбмайдон" ва "Ҳалқаёр" оғоз гардиданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки машқу тамриноти низомӣ бо ширкати беш аз 50 ҳазор хизматчиёнӣ ҳарбӣ ва сарбозону афсарони эҳтиётии артиши Тоҷикистон ва 2 ҳазор низомиии Русия баргузор мешавад.

Тамриноти муштараки таълимиву низомии фаврӣ ва тактикии намояндагони мақомоти қудратии  Тоҷикистону Русия аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҷиддан назорат мешавад.  

Мавзуҳо:
Амалиёти "густурда"-и Русия ва Тоҷикистон алайҳи террористон (7)

Мавзуъ

Пойгоҳи низомии 201-ум барои артиши ҶТ афсарони хурдро омода мекунад
Барчаспҳо:
машқи низомӣ, 950 адад техника, 50 ҳазор низомӣ, машқгоҳ, тамринот, "Ҳалқаёр", "Сумбула", "Момирак", тамрингоҳи "Лоҳур", "Ҳарбмайдон", Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ