21:03 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Маҳалли инфиҷор дар Анқара

ВАО: пулиси Туркия дар ҷустуҷӯи террорист аз Русия

© REUTERS / UMIT BEKTAS
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
6710

Кристина Тихонова бо шомил будан ба гурӯҳи ҷиноятпешаи “Давлати Исломӣ” гумонбар дониста мешавад. Ба навиштаи расонаҳо, ӯ ба дӯстонаш изҳор доштааст, ки худро метарконад, то дари биҳишт барояш боз гардад.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Мақомоти пулиси Туркия ба ҷустуҷӯи шаҳрванди Федератсияи Русия Кристина Тихонова оғоз кардаанд, иттилоъ медиҳад рӯзи панҷшанбе торнамои  Habertürk бо истинод ба манбаъаш дар пулис.

Ба навиштаи сарчашмаи хабар, гумонбаршуда зодаи 18-солаи ҷумҳурии Доғистон бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) таҳти пайгард қарор гирифтааст/

Ӯ рӯзи 18 феврал ба Истамбул омада, ба дӯстони дар Доғистон будааш гуфтааст, ки мехоҳад худро дар "Туркиё тарконад, то ба биҳишт равад".

Маълумот дар бораи таҳдид ба тамоми воҳидҳои сохтори қудратии  Туркия паҳн карда шуд.

Барчаспҳо:
таркиш, инфиҷор, таҳдид, ФР, ҷумҳурии Доғистони Русия, пулиси Туркия, Кристина Тихонова, Анқара, Истамбул, Туркия

Мавзӯъҳои асосӣ