09:36 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми ФР мустақар дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Оғози тамриноти низомии Русия ва Тоҷикистон дар Хатлон

© Sputnik / Сергей Гунеев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
Амалиёти "густурда"-и Русия ва Тоҷикистон алайҳи террористон (7)
40 0 0

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, воҳидҳои низомии Русия барои ширкат дар машқҳои муштараки Тоҷикастону Русия ба Тоҷикистон омада, марҳилаи омодагӣ ба тамринотро анҷом доданд.

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар тамрингоҳҳои "Лоҳур", "Момирак", "Ҳарбмайдон" ва "Ҳалқаёр" марҳилаи асосии машқҳои низомии муштараки Тоҷикистону Русия оғоз гардид.

Ба иттилоъи Ярослав Рошупкин, ёвари фармондеҳи ҳавзаи марказии низомии Русия, зимни машқҳои муштарак аз ҷониби ҳайати фармондеҳӣ василаҳои муосири табодули иттилоъ, аз ҷумла бо маркази миллии мудофиавии Русия истифода мешаванд.

"Инчунин тағйири мавзеъи нуқтаҳои фармондеҳии асосӣ ва эҳтиётӣ, дидбонгоҳҳо ва амсоли ин амалӣ мегардад", — афзуд Рошупкин.

Ҳамчунин, 150 нафар аз нируҳои десантӣ ба машқҳои вижаи ҳарбӣ-ҳавоӣ ҷалб гардида, онҳо бояд дар ҷараёни ин машқҳо бо бору таслиҳоти муайян ба замин партофта шаванд. Десантчиён бояд дар ҷои барояшон ношинос фуруд оянд ва дар шароити боду ҳавои номусоид ва дар шароити душвори кӯҳистонӣ фаъолияти ҷангиро идома диҳанд.

Дар маҷмӯъ ба тамриноти амалӣ-низомӣ беш аз 50 ҳазор афсару сарбоз, аз ҷумла аз воҳидҳои махсусу десант, 950 техникаи зиреҳпӯшу артиллерия, инчунин 30 ҳавопаймо ва чархболи низомӣ ҷалб шудаанд.

Машқҳои таълимӣ то 20 март дар панҷ тамрингоҳи низомии вилояти Хатлони Тоҷикистон идома хоҳанд кард.

Мавзуҳо:
Амалиёти "густурда"-и Русия ва Тоҷикистон алайҳи террористон (7)

Мавзуъ

Беш аз 50 ҳазор низомӣ ва 950 техникаи ҳарбӣ ба “амалиёт” омодаанд
Барчаспҳо:
50 ҳазор низомӣ, панҷ тамрингоҳи Хатлон, оғози марҳилаи асосӣ, машқҳои ҳарбӣ, тамриноти низомӣ, ҳавзаи марказии низомии Русия, "Ҳарбмайдон", "Ҳалқаёр", "Момирак", тамрингоҳи "Лоҳур", Ярослав Рошупкин, Хатлон, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ