Фармондеҳи ОҲМ омодагии нерӯҳои Тоҷикистону Русияро санҷид

© Sputnik / Михаил КлиментьевВладимир Заруднитский. Акс аз бойгонӣ
Владимир Заруднитский. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Десантчиён бояд дар ҷои барояшон ношинос фуруд оянд ва дар шароити боду ҳавои номусоид ва дар шароити душвори кӯҳистонӣ фаъолияти ҷангиро идома диҳанд.

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Фармондеҳи Округи ҳарбии Марказӣ Владимир Заруднитский  рӯзи душанбе ба Душанбе ворид шуда, омодагии гуруҳҳои муштаракро ба тамриноти якҷоя тафтиш кард.

Сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми ФР мустақар дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Оғози тамриноти низомии Русия ва Тоҷикистон дар Хатлон

"Генерал Заруднитский тайёрии мақомоти низомии муштарак, қувва ва воситаҳои гузаронидани омӯзишҳои ҳарбиро, ки дар доираи омӯзиши муштараки ситодҳои ҳарбии Тоҷикистону Русия гузаронида мешаванд, санҷид",- омадааст дар иттилоъияи ёвари фармондеҳит ОҲМ Ярослав Рошупкин.

Баъди санҷишу тафтиш фармондеҳ изҳор дошт, ки сарбозон ба омӯзиш омодаанд.

Дар омӯзиш мақомоти ҳарбии вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Округи марказии Ҳарбии Русия, зиреҳпӯшу тӯпҳо, воҳидҳои вижа, инчунин гурӯҳҳои десантии ҳавоӣ ширкат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0