09:04 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Барак Обама. Акс аз бойгонӣ.

ВАО: фармони хурӯҷи неруҳои Русия аз Сурия барои ИМА “ногаҳонӣ” буд

© AP / Evan Vucci
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
157 0 0

Фармони хурӯҷи неруҳои низомии Русия аз қаламрави Сурия Кохи сафедро тааҷубзада кардааст. Нашрияи амрикоӣ менависад, оё воқеъан ҳам Владимир Путин тавонист Барак Обамаро дар ғафлат гузорад.

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия фармони хуруҷи бахши аслии неруҳои кишвараш аз Сурияро содир кард ва ин тасмим боиси ҳайрати Кохи сафед гардидааст, менависад нашрияи амрикоии Politico.

Ба навиштаи рӯзнома, аснои нишасти матбуотӣ сухангӯи Кохи Сафед Ҷош Эрнест аз посух ба ин суол ва мавзӯъи хурӯҷи неруҳои Русия "канорагирӣ" кард. Дар ҳамин ҳол, мақомоти дигари амрикоӣ ба ҷамъ кардани маълумот дар мавриди тасмими ахири Кремл машғул мебошанд.

Тибқи ин фармон, ки шоми рӯзи гузашта зери он имзо гузошта шуд, хуруҷи неруҳои Русия аз қаламрави Сурия 15 март оғоз мешгардад. Президенти ФР, Владимир Путин дар мулоқот бо вазирони корҳои хориҷӣ ва дифоъи кишвараш гуфтааст, Русия нақши худро дар раванди татбиқи сулҳи Сурия бештар карда, ба поёни мухолифатҳо дар ин кишвар муваффақ мешавад.

Зимнан, пойгоҳҳои низомии Русия дар Тартус ва Хмеймим ҳамчунон фаъолият хоҳанд кард.

Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфтааст, раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар як суҳбати телефонӣ Башор Асад, раисиҷумҳури Сурияро аз ин тасмим огоҳ карда, ин раванд бо роҳбарияти Димишқ қаблан мувофиқа шуда буд.   

Мавзуъ

Хабарнигорон аз Сурия бо ҳимояи зиреҳпӯш берун шуданд
Барчаспҳо:
ҷанг дар Сурия, тактика, берун кардани қувваҳо, хурӯҷи неруҳо, амри Путин, тасмими ФР, Кохи сафед, раисҷумҳури ИМА, президенти ФР, Башор Асад, Ҷош Эрнест, Дмитрий Песков, Владимир Путин, Сурия, Димишқ, ИМА, Маскав, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ