ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар мусоҳиба бо Deutsche Welle муовини вазири мудофиаи ФР Анатолий Антонов гуфт, Русия тасмим надорад, ки шумори сарбозонашро дар Тоҷикистон зиёд кунад.
Ба гуфти ӯ, Тоҷикистон ба Русия дар бораи ҳифзи сарҳад дархост нафиристодааст.
Антонов қайд намуд, ки то ҳол Тоҷикистон барои таъмини силоҳ ва таҳкими нерӯҳои муссалаҳи худ аз мо ёрӣ хостаст ва мо маҳз дар ин бахш Тоҷикистонро дастгирӣ менамоем.
"Имрӯз шумораи низомиён, ки дар он минтақа қарор доранд ба ҳифзи бехатарии Тоҷикистон ва Русия мувофиқ аст",- мегӯяд муовини вазири мудофиаи ФР.
Пойгоҳи 201- уми Русия мустақар дар ҶТ бузургтарин қисми низомии ФР дар хориҷ аз он кишвар мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш тамриноти муштараки мақомоти ҳарбии вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Русия дар тамрингоҳҳи вилояти Хатлон ба анҷом расид. Бори аввал ба омӯзишҳо аз ҷониби Русия гурӯҳҳои авиатсионии: ҷангандаҳои бомбапартои Ту-22М3, ҳавопаймоҳои ҳамлакунандаи Су-25СМ, бомбаандозҳои Су-24М, чархболҳои ҳамлакунандаи Ми-24 ва налиёти ҷангии Ми-8, ҳавопаймоҳои нақлиёти авиатсионӣ ҷалб шуданд.
Дар тамринот мақомоти ҳарбии вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Округи марказии Ҳарбии Русия, зиреҳпӯшу тӯпҳо, воҳидҳои вижа, инчунин гурӯҳҳои десантии ҳавоӣ ширкат карданд.