02:39 22 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Тамрини амалиёти наҷотдиҳӣ аз амалиёти эҳтимолии кимиёвӣ. Акс аз бойгонӣ

Ба кормандони КҲФ роҳҳои муҳофизат аз ҳамалоти кимиёвиро омӯзониданд

© Sputnik / Сергей Пивоваров
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

20 корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз роҳҳои вокуниши фаврӣ ба ҳодисаҳои вобаста ба ҳамлаҳои кимиёвӣ, биологӣ ва радиологиву ҳастаӣ бохабар шуданд.

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳҳои аксуламали фаврӣ дар ҳолатҳои истифодаи маводҳои кимиявӣ, биологӣ, радиологӣ ва ҳастаӣ бомуваффақият огоҳӣ пайдо карданд, иттилоъ медиҳад сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

"Дар семинари омӯзишӣ 20 нафар кормандони ин ниҳод иштирок карданд. Барномаи омӯзиш ба баланд бардоштани аксуламали фаврии кормандон ба ҳамалоти маводҳои кимиёвӣ, биологӣ, радиологӣ ва ҳастаӣ нигаронида шуда буданд",- омадааст дар иттилоъия.

Семинар-омӯзиш аз ҷониби Барномаи мусоидат бар зидди терроризм (Барномаи АТА)  бо дастгирии Шӯъбаи мубориза бар зидди терроризми Бюрои дипломатии амнияти Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ шудааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки дафтари мазкур тренинг-омӯзишро барои низомиёни тоҷик дар мавзӯъи идоракунии маводҳои тарканда  маблағгузорӣ мекунад.

 

Барчаспҳо:
ҳастаӣ, биологӣ, кимиёвӣ, машқ, амалиёт, семинар, тамрин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, КҲФ, Сафорати ИМА дар Душанбе, Душанбе, Тоҷикистон, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ