Гвардияи миллии Русия бо ваколатҳои васеъ ва фаъолияти махфӣ

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкТамриноти воҳидҳои махсуси ВКД-и ФР. Акс аз бойгонӣ
Тамриноти воҳидҳои махсуси ВКД-и ФР. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи лоиҳаи қонуне, ки аз ҷониби президент барои баррасӣ ва тасвиб ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шуд, Гвардияи миллӣ ҳуқуқ дорад, бидуни огоҳсозии қаблӣ оташ кушояд, макони фаъолиятҳои низомиёни ин гвардия бошад, комилан махфӣ нигоҳ дошта мешаванд.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ҳамакнун, имрӯз, 6 апрел, маълумоти комил дар бораи таъсиси Гвардияи миллӣ дар Русия маълум гардид. Дар бораи таъсиси нерӯҳои ҷадиди низомӣ президенти Русия Владимир Путин изҳор дошта, тарҳи қонун бо маълумоти муфассал дар бораи ҳадафҳо ва вазифаҳои Гвардияи миллӣ ба Думаи давлатии Федератсияи Русия ироа гардид.

Дар лоиҳаи қонуне, ки аз ҷониби президенти Русия омода шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад, "паҳнкунии маълумот доир ба маҳалли назоратии Гвардияи миллӣ бо мақсади таъмини амнияти ҳайати шахсии низомиён ва аъзои оилаи онҳо иҷоза дода намешавад".

Намояндагони Шӯрои Федератсияи Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои Федератсия: артиши Русия дар хориҷа ҷанг карда метавонад

Ҳамчунин, дар суфуфи ин ҷузу том имкони ҳузури казакҳои Русия дарҷ гардидааст, омадааст дар санади нашршуда дар сомонаи Думаи давлатии ФР.

"Барои хизмати ҳарбӣ казакҳои рус, ки одатан ному насаби анъанавии хонаводагӣ доранд, ба суфуфи Гвардияи миллии Федератсияи Русия қабул карда мешаванд",- қайд шудааст дар матни лоиҳаи қонун.

Сарбозони Гвардияи милии Русия метавонанд, техникаҳои махсуси ҳарбӣ, аз ҷумла мошинҳои зиреҳпӯшу обпошро барои озод намудани гаравгонон ва пароканда кардани издиҳом дар вақти бетартибиҳои оммавӣ истифода баранд.

Дар тарҳи қонун омадааст, Гвардияи миллӣ дар сурати ҳуҷуми мусаллаҳона ва фирори маҳбусон аз зиндон ва баъзе ҳолатҳои дигар метавонад бе огоҳкунии пешакӣ оташ кушояд.

Ҳамчунин, истифодаи силоҳи оташфишон дар ҳолатҳои фирори ашхоси аз озодӣ маҳрум ба воситаи ҳавопаймо, нақлиёти обӣ ва ҳамчунин ҳангоми гурехтан дар шароити хатарнок иҷоза дода шудааст.

Дар баробари ин Гвардияи миллӣ ба ҳифзи иншооти хатарноки ҳастаӣ машғул хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0