Раҳимзода: бояд ҳамеша бо ҳам бошем

© Предоставлено Мавзуной АбдуллоевойРамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотии ВКД ҶТ. 24 июли соли 2015
Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотии ВКД ҶТ. 24 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар замони ахир, ки таҳаввулоти мухталиферо дар пай дорад, бояд ҳамагон алайҳи ҷинояткорӣ мубориза баранд.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо як гуруҳ ҷавонони кишвар ва намояндагони масоҷиди шаҳри Душанбе мулоқот кардааст, менависад дафтари матбуотии ВКД ҶТ.

Раҳмон: алайҳи терроризм бояд дастаҷамъона чора андешид

"Ҳадаф аз ин вохӯрӣ мустаҳкам намудани ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон бо ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, аз қабили ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ҳамчунин, сӯҳбати озоду самимӣ бо ҷавонон ва қадрдонӣ намудани нафароне, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини амният саҳми арзанда гузоштаанд, иборат мебошад",- меафзояд манбаъ.

Ҳамзамон, вазири умури дохилӣ иброз доштааст, ки вазъи мураккаби кунунии ҷаҳон, ҳодисаю воқеаҳо дар давлатҳое, ки низоъҳои мусаллаҳона авҷ гирифтаанд, моро водор месозад, ҳамеша бо ҳам бошем ва дар ҳамбастагию ҳамкорӣ баҳри тинҷию амонӣ ҷаҳду ҷадал намоем.

Дар мулоқот шаҳрвандонеро, ки баҳри мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва дарёфт намудани силоҳу аслиҳа саҳми арзанда гузоштаанд бо туҳфаҳо қадрдонӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0