10:41 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Рамзи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ). Акс аз бойгонӣ

СҲШ: Афғонистон омили асосии таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ аст

© Sputnik / Вадим Брайдов
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
70 0 0

Дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои аъзои созмонҳои байналмиллалӣ дар бораи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм мубодилаи афкор намуданд.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар пойтахти Узбакистон вохӯрии 11-уми котибони Шӯрои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) доир гардид иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВУХ Узбакистон.

Дар чорабинӣ дабирони Шӯрои амнияти Тоҷикистон, Қазоқистон, Русия, Узбакистон, аъзои Шӯрои давлатии Чин, котиби Шӯрои мудофиаи Қирғизистон, ҳамчунин дабири кулли СҲШ Рашид Олимов ва роҳбари Кумитаи минтақавии хадамоти зиддитеррористӣ Евгений Сисоев иштирок доштанд.

"Вохӯрӣ дар муҳити дӯстӣ ва созандагӣ баргузор гардид",-гуфта мешавад дар иттилоъия.

Ҷонибҳо дар бораи вазъи амнияти кунунӣ, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои оянда ва пурзӯр намудани ҳамоҳангӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм мубодилаи афкор намуданд.

Намояндагони аъзоёни кишварҳои СҲШ ҳалли мусолиҳаомези вазъияти Афғонистонро омили асосии таҳкими амният арзёбӣ карданд.

"Ҳамаи намояндагон бо он мувофиқанд, ки терроризму экстремизмро дар тамоми шаклҳояш танҳо ба ҳамоҳангии ҳамаи кишварҳо метавон аз байн бурд",-қайд мешавад дар хабарнома.

Иштирокчиёни вохӯрӣ барои таъсиси ҷабҳаи бузург алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир низ ибрози назар карданд.

Дар ҳоли ҳозир ба ҷуз Русия, инчунин кишварҳои Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон аъзои комилҳуқуқи СҲШ буда, Белорус, Муғулистон, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон мақоми нозири созмонро дороанд. Дар аввоили моҳи июни соли равон раванди воридшавии Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ оғоз мегардад.

Макони ташкили нишасти сарони кишварҳои СҲШ аз шаҳри Уфаи Русия ба Узбакистон интиқол ёфт. Вохӯрии сарони кишварҳои СҲШ рӯзҳои 23 ва 24-уми июн дар Тошканд дар назар аст.

Мавзуъ

Аслов ҷонибдори пайвастани Афғонистон ба СҲШ аст
Барчаспҳо:
гуфгушунид, амният, вохӯрӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, СҲШ, Уфа, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тошканд, Афғонистон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ