21:03 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Ҳамкориҳои низомии ИДМ-афзалияти мутлақи фаъолияти байналмиллалии вазорати мудофиа мебошад, изҳор дошт рӯзи чоршанбе Вазири Мудофиаи ФР Сергей Шойгу дар Конфронси 5-уми байналмиллалии Маскав оид ба амният.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Вазорати мудофиаи Русия ҳамкориҳои низомиро бо кишварҳои ИДМ, рушди қисмҳои мақомоти қудратии СПАД ва Иттиҳоди давлатӣ бо Белорусияро афзалиятнок хонд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Густариши ҳамкориҳои низомӣ бо давлатҳои ИДМ, рушди ҷузъҳои низомии СПАД, тақвияти ташкилоти мақомоти қудратӣ бо Иттиҳоди ҷумҳурии Белорусия-афзалияти мутлақи фаъолияти вазорати мудофиаи ФР мебошад",-изҳор дошт рӯзи чоршанбе Вазири Мудофиаи ФР Сергей Шойгу дар Конфронси 5-уми байналмиллалӣ Маскав оид ба амният.

Дар баробари ин Шойгу қайд намуд, ки вазифаи Русия ва ҳамкоронаш ин ҷилавгирӣ кардани паҳншавии терроризм дар қаламрави ИДМ мебошад.

"Яке аз вазифаи асосӣ ин-роҳ надодан ба паҳншавии терроризм дар кишварҳои ИДМ аст. Дар ин ҷабҳа мо диққати махсуси худро ба авзои қаламрави Осиёи Марказӣ ва рушди таъсири мусбати терроризм дар Афғонистон равона намудаем",- гуфт вазир.

 

Мавзуъ

СПАД дар сурати шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон чора хоҳад андешид
Барчаспҳо:
ҳамкориҳо, низомӣ, ҷилавгирӣ аз таҳдидҳо, Вазорати мудофиаи Русия, Сергей Шойгу, ИДМ, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ