22:13 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Низомиёни Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Суғд: то иҷрои нақшаи даъвати наваскарон ҳамагӣ 8%-и дигар монд

© Sputnik Амир Исаев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
32 0 0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон муваззаф шудааст, ки табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд то ин замон 91,7 фоиз иҷро шудааст, иттилоъ медиҳад Комиссариати ҳарбии шимоли кишвар.

"Ҳоло аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 11-тои он нақшаи даъват иҷро гардида, боз се ноҳияи дигар, аз ҷумла, Деваштич, Ашт ва Исфара низ нақшаро беш аз 90% иҷро намуда, дар рӯзҳои наздик аз ичрои он гузориш хоҳанд дод",- қайд мешавад дар хабари ин манбаъ.

Ҳамчунин масъулини чаҳор шаҳру ноҳияи боқимонда низ кӯшиш доранд, то нақшаи даъвати баҳориро дармуҳлати муайяншуда иҷро намоянд.

15-уми март фармони президент Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ" содир шуд.

Фармони мазкур аз 7 банд иборат мебошад. Ҳамин тавр, дар асоси ин амр хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2016 аз сафи Артиш ба эҳтиёт рухсат дода шаванд.

Мавзуъ

Иҷрои 100 дарсадии нақшаи даъвати баҳорӣ
Нақшаи даъвати баҳорӣ беш аз 70 дарсад иҷро шудааст
Барчаспҳо:
92%-и нақша, артиши миллӣ, даъвати баҳорӣ, Қувваҳои мусаллаҳ, вилояти Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ