16:07 26 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
35 0 0

Дар ҳамоиш аз хатароти шомилшавии сокинони кишвар ба ҳизбу гуруҳҳои ифротӣ ҳарф зада, инро омили хафвнок барои ояндаи кишвар гуфтанд.

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдулло Навҷувонов сабабҳои гаравидани сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғдро ба гуруҳҳои тундрав, дар паст будани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва бетарафии ҷомеа, ба вижа ходимони дин ва имом-хатибони масоҷид медонад, омадааст дар хабари сомонаи ВКД ҶТ.

Бино ба иттилоъи манбаъ, дар як ҳамоиши вижа, ки дар шимоли кишвар бо ширкати муовини вазири умури дохила  баргузор гардид, масъулини Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва устодони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, ходимони дин, сархатибон, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта низ ширкат доштанд.

Ҳадафи аслии нишаст, "ҷилавгирӣ аз шомилшавии сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба равияҳои номатлуби ифротгаро ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон" унвон мешавад.

Ҳамзамон, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода дар ин ҳамоиш таъсири манфии терроризмро дар мавқеи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, махсусан Тоҷикистони соҳибистиқлол хатарзо унвон намудааст. Ӯ аз куллияи ширкатдорони ҳамоиш, махсусан ходимони дин даъват кардааст, дар пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории зичро ба роҳ монда, саҳми хешро дар решакан намудани ин падида гузоранд.

Мавзуъ

Сӯҳбати президент бо донишҷӯён: дар бораи ваҳдат ва “Давлати исломӣ”
Барчаспҳо:
гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, ҳамоиш, ВКД-и Тоҷикистон, Абдулло Навҷувонов, вилояти Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ