22:39 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Парчами Сурия. Акс аз бойгонӣ

Сарфи назар аз моҳи шарифи Рамазон, шумораи қурбониёни Сурия меафзояд

© AFP 2019 / LOUAI BESHARA
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
40 0 0

Низоми оташбас дар Сурия ҳанӯз 27 феврал эълом гардида буд. Вале ба ин нигоҳ накарда гурӯҳи муташаккилонаи “Ҷабҳа ан-Нусра” то ҳол низоми оташбасро вайрон мекунад.

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Гурӯҳи ҷиноии созмони террористии "Ҷабҳа-ан-Нусра" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳамлаҳои мусаллаҳонаи худро сарфи назар аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон бас карданӣ нестанд ва шумораи қурбониён ҳамоно рӯ ба афзоиш дорад, иттилоъ медиҳад Вазорати мудофиаи ФР бо истинод ба блютени Маркази сулҳи ҷонибҳо дар Сурия.

Қайд мегардад, ки "Ҷабҳа ан-Нусра" кӯшишҳои худро барои вайрон кардани низоми оташбас дар Сурия  қатъ карданӣ нест.

"Сарфи назар аз оғози моҳи шарифи Рамазон, гурӯҳҳои террористӣ нуқтаҳои аҳолинишин, қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Сурия ва кормандони ҳифзи ҳуқуқи курдиро ҳамоно оташборон мекунанд. Шумораи қурбониён миёни аҳолии ғайринизомӣ афзуда истодааст",-омадааст дар иттилоия.

Низоми оташбас дар Сурия рӯзи 27-уми феврал эълом шуда буд. Созиш ба гурӯҳҳои дар Тоҷикистон ва дигар мамолики ҷаҳон мамнӯъ  чун "Давлати Исломӣ", "Ҷабҳа ан-Нусра" (воҳиди Суриягиаш "Ал-Қоида") ва дигар созмонҳои тундрав, ки аз ҷониби Шӯрои Амнияти СММ ҳамчун гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дониста шудаанд, дахл надорад.

Мавзуъ

Башор Асад гуфт, бо ДИ то маҳв шуданаш мубориза мебарад
Чуркин: наздикшавии мавқеъи Кохи сафеду Кремл дар мавриди Сурия
Барчаспҳо:
моҳи шарифи Рамазон, шумораи қурбониён меафзояд, Ҷабҳа ан-Нусра, Сурия

Мавзӯъҳои асосӣ