21:35 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.70
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
123 0 0

Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи нерӯҳои махсуси полиси(спетсназ) ВКД Тоҷикистон буд. Ҳоло бошад ӯ яке аз аъзоёни фаъоли ДИ мебошад ва ба таблиғоти ин гурӯҳи террористӣ машғул аст.

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ҳукумати Вашингтон ба ивази маълумот дар бораи собиқ фармондеҳи нерӯҳои махсуси ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки ҳоло яке аз пешвоёни гурӯҳи бо ном Давлати исломӣ(фаъолияташ дар Тоҷикистон манъгашата) мебошад, 3 млн доллар мукофотпулӣ  эълон кардааст.

"Ҳалимов собиқ полковники спетснази Тоҷикистон мебошад, ки вазифаи  роҳбари полис ва снайпери ҳарбиро иҷро мекард. Ӯ фармондеҳи полиси нерӯҳои махсуси полиси ВКД Тоҷикистон буд. Ҳоло бошад Ҳалимов  аъзои гурӯҳи ДИ мебошад ва ба таблиғи ин гурӯҳ машғул аст",- омадааст дар хабари департаменти давлатӣ.

Бино ба маълумоти дар даст дошата, моҳи майи соли 2015 Ҳалимов тариқи видеоролик дар муддати 10 дақиқа  эълон намуд, ки вай барои ДИ меҷангад.

Ҳукумати ИМА моҳи сентябри соли 2015 Ҳалимовро ба рӯйхати террористон дохил намуд. СММ бошад ӯро моҳи феврали соли 2016 ба рӯйхати таҳримҳои дахлдор дохил намуд. Ғайр аз ин Ҳалимов аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи июни соли 2015 сар карда тариқи Интерпол ба кофтуков дода шудааст.

Департаменти давлатӣ хотиррасон мекунад, ки барномаи мукофотпулӣ барои ҷустуҷӯи ҷинояткорон аз соли 1984-ум сар карда фаъолият мекунад ва тариқи он 125 млн доллар ба 80 нафар одамон дода шудааст, ки онҳо маълумотҳои заруриро дар бораи террористони ба кофтуков эълоншада, пешниҳод кардаанд.

 

Мавзуъ

Кохи сафед: алайҳи Гулмурод Ҳалимов таҳрим ҷорӣ шуд
Барчаспҳо:
Мукофотпулӣ ба ивази маълумот дар бораи Ҳалимов Гулмурод, Гулмурод Ҳалимов, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ