Низомиёни ФР ва Тоҷикистон дар рафти тамринот 500 “террорист”-ро нобуд карданд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкТамриноти муштарак дар Тоҷикистон, Акс аз бойггонӣ
Тамриноти муштарак дар Тоҷикистон, Акс аз бойггонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар давоми як ҳафта сарбозон, афсарон ва дигар хизматчиёни ҳарбӣ дар шароити кӯҳистон тарзи дифоъи марз, ҳамлакунӣ ва дигар малакаҳои мудофиаро машқ карданд.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Хизматчиёни ҳарбии Русия ва Тоҷикистон дар рафти тамриноти ниҳоӣ зиёда аз 500 террористони шартиро нобуд карданд.

Зиёда аз 500 террористони шартӣ, ки марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур карда буданд аз ҷониби низомиёни Русия ва Тоҷикистон дар рафти машқҳои ниҳоӣ нобук карда шуданд. Ҳамаи нишонҳо ба ҳадаф расида, низомиён баҳои аълоро сазовор шуданд.

Тамринҳои муштарак. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Лоҳур 800 низомиёни русу тоҷик тамрин мекунанд

"Воҳидҳои ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, сарҳадбонон ва воҳидҳои махсуси ВКД-и кишвар омодагии олӣ нишон доданд",-изҳор дошт муовини командири пойгоҳи низомии Русия полковник Константин Гапоненко-роҳбари тамриноти ҳарбӣ ба хабарнигори РИА Новости.

Ҳадафи асосии баргузории омӯзишҳои муштараки ҳарбӣ-омода будан ба таҳдидҳои террорисзм ва экстремизми ҷаҳони муосир мебошад.

Муддати як ҳафта сарбозону афсарон дар ҳайати воҳид ва ҷузъу томҳо малакаҳои мудофиа ва ҳамла, ҷустуҷӯ, муҳосира ва нобуд сохтани гурӯҳҳои ҳарифи шартиро такмил доданд.

Ба омӯзишҳои муштараки низомиёни Русияю Тоҷикисто, ки дар машқгоҳи Лоҳур доир гардид,  ҳудуди 200 адад техникаи ҳарбӣ ва 800 нафар хизматчиёнӣ ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия ва артиши Тоҷикистон сафарбар шуда буданд.

Дар марҳилаи тамриноти ниҳоӣ зиёда аз 200 адад техникаи ҳарбии Федератсияи Русия ва Тоҷикистон- БТР 82-а, танкҳои Т-72, тӯпҳои С-3 ва С-1, нақлиёти ҳавоии бесарнишин, ки ҷои террористонро муайян месозад истифода шуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0