18:01 21 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
21 0 0

Намояндагони СЗМ СҲШ бо коршиносони САҲА якчанд вохӯрӣ доир намуда, дар бораи самтҳои афзалиятноки имконпазири ҳамкориҳо оид ба мубориза зидди паҳншавии терроризм ба воситаи Шабакаи интернет, мусоҳиба намуданд.

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Сохтори зиддитеррористии минтақавии Созмони ҳамкории Шанхай (СЗМ СҲШ  ) Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо(САҲА) дар мубориза зидди ифроидгароии шабакавӣ (интернет) ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Моҳи сентябр намояндагони Кумитаи иҷроияи СЗМ бо коршиносони САҲА якчанд вохӯрӣ доир намуда,  дар бораи самтҳои афзалиятноки имконпазири ҳамкориҳо оид ба  мубориза  зидди паҳншавии терроризм ба воситаи Шабакаи интернетӣ, мусоҳиба намуданд,  хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуоти СЗМ.

Аз ҷумла намояндагони СЗМ аввалҳои моҳи сентябр дар шаҳри Сараево дар ҳамоиши САҲА, ки мавзӯи он  сӯиистифода аз шабакаи интернетӣ бо мақсадҳои паҳн намудани ғояҳои ифроидгароӣ ва террористӣ  буд, иштирок намуданд.

"Дар рафти ҳамоиш ҷонибҳо вобаста ба ин мавъ мубодилаи афкор намуданд",- қайд карданд дар СЗМ.

Моҳи июни соли 2015 дар конфронси зиддитеррористии САҲА дар Вена ҳайъати СЗМ СҲШ рӯйхати тавсияномаҳои худро оид ба мубодилаи маълумот пешниҳод намуданд.

Ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дохил мешаванд. Мақоми назоратбарандагиро кишварҳои Белорусия, Монголия, Ҳиндустон, Эрон, Покистон ва Афғонистон доранд. Соли 2015 дар СҲШ тартиби дохилшавии кишварҳои Ҳиндустон ва Покистон ба ташкилот сар шуд.

Дар нишасти ташкилот дар Тошканд санаи 24-уми июн санади ёддоштӣ дар бораи қабул кардани ӯҳдадориҳои Ҳиндустон ва Покистон қабул карда шуд, ки дар нишасти соли 2017 дар Остона онҳо аъзоёни баробарҳуқуқи ташкилот хоҳанд гардид. Қароргоҳи СЗМ дар шаҳри Тошкент ҷойгир шудааст.

Мавзуъ

Қабули Афғонистон ба узвияти СҲШ муҳокима мегардад
Барчаспҳо:
Ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, СЗМ СҲШ, САҲА, Шаҳри Сараево

Мавзӯъҳои асосӣ