16:43 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Шаҳзри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

150 "террорист" ба Тоҷикистон баргардонида шуданд

© Sputnik Амир Исаев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
24 0 0

Бисёре аз шаҳрвандони иштироккунандаи нозоъҳои мусаллаҳона дар Сурия ва Ироқ дар охир дарк намуданд, ки онҳо аз тарафи ҷонояткорон бо роҳи бор намудани ақидаҳои бегона гумроҳ карда шуда буданд.

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар 8 моҳи охир зиёда аз 150 шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар даст задан ба ҷиноятҳои ифродгароиву террористӣ гунаҳкор дониста мешуданд, ба ватан бар гардонида шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД кишвар.

"Ин афрод аъзоёни фаъоли ташкилотҳои террористӣ, чун "Давлати исломӣ"(ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон)-133 нафар, "Ҷамоатун Насруллоҳ" — панҷ нафар,  "Ҳизбут Таҳрир", "ҲИӮ"(Ҳаракати исломии Ӯзбекистон), "Салафия", "Гурӯҳи 24", "Ҷамоати таблиғ" ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ мебошанд",- гуфт вазири ВКД Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар вохӯрии байналмиллалии иштирокчиёни лоиҳаи Интерпол "Калкан".

Дар хадамоти матбуот қайд намуданд, ки вазири ВКД Тоҷикистон ба мақомотҳои полис ва амнияти Туркия, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Афғонистон ва дигар кишварҳо барои мусоидат дар ошкор, муайян ва  дастгир намудани айбдоршавандагон  изҳори миннатдорӣ баён намуд.

"Таҷрибаи тафтишотҳои парвандаҳои ҷиноӣ нишон доданд, ки қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки  дар низоъҳои мусаллаҳонаи Сурия ва Ироқ  ширкат варзидаанд, дар оянда дарк мекунанд, ки сӯиистифода аз гумроҳии онҳо ва ба воситаи ваъдаҳои дурӯғини динӣ ва моддӣ ба онҳо ақидаҳои бегона бор карда шуда буд",- гуфт вазир.

Ӯ ба иштирокдорони вохӯрӣ хабар дод, ки "аз сабаби муҳим будани масъалаи мазкур, бо ибтикори ВКД ба сифати меъёрҳои ҳавасмандкунанда ба Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ иловаҳо ворид карда шуд. Мувофиқи он ҷинояткороне, ки ихтиёран аз иштирок дар низоъҳои мусаллаҳонаи ғайриқонунӣ  даст мекашанд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда мешаванд",- гуфт вазир.

Ба гуфтаи вай, ВКД доиман чорабиниҳои пешгирикунанда,  доир ба маҳв кардани ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳо ва равияҳои гуногун гузаронида мешавад.  Ғайр аз ин дар байни аҳолӣ ва хешовандони афроде, ки барои иштирок дар низоъҳои мусаллаҳона ҷалб карда шудаанд,  ин меъёри қонун фаҳмонида дода мешавад.

"Дар натиҷаи чорабиниҳои дар соли 2015 ва ҳашт моҳи соли 2016 андешидашуда, 75 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз карда пушаймон гашта, ихтиёран аз иштирок дар низоҳои мусаллаҳона даст кашидаанд ва изҳори хоҳиши бар гаштан ба ватан намуданд ",- қайд кард Рамазон Раҳимзода.

Ҳамагӣ мувофиқи маълумотҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон  қариб 2 ҳзр. шаҳрвандони кишвар дар ҷониби ДИИШ дар Сурия  ва Ироқ меҷанганд, зиёда аз 200 нафари дигар  бошанд қурбони ин ҳаракатҳои ҷангӣ гаштаанд.

Тоҷикистон моҳи октябри соли 2004 ба Интерпол қабул карда шуд. Бюрои маркази миллии Интерполи ВКД Тоҷикистон бо чунин мақомотҳои кишварҳои узви Интерпол дар мубориза бо ҷинояти байналмиллалӣ бо риоя намудани қонунгузориҳои миллӣ ва қонунҳои умумӣ оид ба ҳуқуқ ва озодии  инсон, ҳамкорӣ мекунад.

Лоиҳаи "Калкан" аз тарафи Котиби генералии Ингтерпол амалӣ карда мешавад ва дастгирии муҳиме дар мубориза бо терроризм аст. Лоиҳаи мазкур намунаи ҳамкории полиси байналмиллалӣ дар бисёере аз соҳаҳо мебошад.

Мавзуъ

Шаҳрванди Тоҷикистон, аъзои гурӯҳи ДИИШ дар Афғонистон дастгир гардид
Хадамоти кашфи ИМА: шумораи ҷангиёни ДИИШ дар Ироқ ва Сурия кам шудаст
Барчаспҳо:
Вохӯрии байналмиллалии иштирокчиёни лоиҳаи Интерпол, ВКД Тоҷикистон, Интерпол, Рамазон Раҳимзода Ҳамроҳ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ