08:14 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Вокзали Маскав дар шаҳри Санкт-Петербург. Акс аз бойгонӣ

Намояндагони ИДМ дар Петербург масъалаи амниятро муҳокима мекунанд

© Sputnik / Сергей Субботин
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Роҳбарони ҳайати ҳашт кишвари Иттиҳод-Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, УҚазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон масъалаи амниятро мавриди баҳс қарор медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар шаҳри Санк-Петербурги Русия ҷаласаи роҳбарони ситоди Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад.

"Роҳбарони ҳайати ҳашт давлати Иттиҳод- Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ-низомии соли 2016-ро муҳокима карда барои соли оянда нақша чорабиниҳои ҷадидро мавриди баҳс қарор медиҳанд",-хабар доданд дар хадамоти матбуоти Вазоарти мудофаи ФР.

Аз ҷумла дар хадамот қайд шуд, ки дар ҷаласа баррасии масъалаҳои такмил ва рушди амалиёти алоқаи байни Қувваҳои мусаллаҳи ИДМ, ташкили низоми ягонаи иттилоотии ҷуғрофӣ ва ҳамчунин дар доираи Иттиҳод таъсиси қисмҳои махсуси безарагардонии минаҳо дар назар аст.

"Дар кори ҷаласа силсила вохӯриҳои дуҷонибаи сардори Ситоди генералии Русия дар бо дигар роҳбарони Қувваҳои мусаллаҳ дар назар аст, ки дар рафти он масалаҳои низомӣ-ҳарбӣ баррасӣ хоҳанд шуд".

Барчаспҳо:
вохӯрӣ, муҳокимаи амният, ҷаласа, ИДМ, Санкт-Петербург

Мавзӯъҳои асосӣ