15:26 12 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Тенге-пули миллии Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ

Подош: $5 ҳазор барои хабар кардан аз нақшаи ҳамлаи террористӣ

© Sputnik / Стрингер
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
13610

Шаҳрвандоне, ки барои пешгирӣ ва бартараф кардани ҳамлаи террористӣ ба мақомоти давлатӣ кӯмак мекунанд, бо мабалғи пулӣ мукофотонида мешаванд

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ҳукумати Қазоқистон қарор дар бораи пардохти  мабалғ ба нафаре, ки хабари ӯ, барои пешгирии ҳамлаи террористӣ ба мақомоти ҳукуматӣ кумак мекунад, қабул кард.

Қонун "дар бораи пардохти подош барои хабар, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳамлаи террористӣ кӯмак мекунад" аз 1 январи соли 2017 мавриди истифода қарор мегирад, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба ВАО-и маҳаллӣ.

Мувофиқи қарор нафаре, ки барои пешгирӣ ё бартараф кардани ҳамлаҳои терористӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ёрӣ мерасонад, ба қадри аз 750 то 1000 нишондоди моҳона мукофотпулӣ мегирад. Дар ҳоли ҳозир 1 нишондоди моҳона 2121 тенге (6,2 доллар)-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, шаҳрвандон метавонанд барои як хабар аз 4,5 то 6,2 ҳазор доллар подош гиранд.

"Мақомоти  маҳалӣ бояд ба шахси хабардиҳанда дар давоми се рӯз дар бораи миқдори подош хабар диҳад",-омадааст дар ҳуҷҷат.

Лоиҳа аз ҷониби Кумитаи амнияти Қазоқистон коркард ва пешниҳод карда шудааст.

Мавзуъ

Cафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи террористӣ дар Мазори Шариф захмӣ шуд
Барчаспҳо:
барои хабар, 5 ҳазор доллари амрикоӣ, пардохти подош, ҳамлаи террористӣ, қонун, Кумитаи амнияти Қазоқистон, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ