03:57 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Ҷангиёни ташкилоти террористии Толибон, акс аз бойгонӣ

Русия ба воситаи Интерпол 1000 террористро пайгирӣ мекунад

© AP / Mirwais Khan
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
40 0 0

Имконияти Интерпол барои тафтиши паёмдонҳо, шабакаҳои видеоӣ, сомонаҳо, ки онҳоро террористон метавонанд истифода баранд, ба таври васеъ истифода бурда мешавад

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik.Русия зиёда аз ҳазор террористро ба кофтукови байналмиллалӣ ба воситаи Интерпол эълон намуд,  хабар медиҳад РИА Новости.

Ба гуфтаи сардори Бюрои марказии миллии Интерпол ВКД Русия Александр Прокупчук пойгоҳи Интерпол маълумоти бузург дар бораи террористони хориҷиро дар бар мегирад, ки онҳо  дар низоъҳои мусаллаҳони иштирок мекунанд.

"Танҳо дар соли 2016 мо тавонистем, ки гумонбаршудагон ва ҷинояткоронро аз Олмон, Словакия, Туркия Тунис ва АМА ба ҳабс гирем ё бозпас гирем",- изҳор дошт Прокопчук.

Вай ҳамчун қайд кард, ки соли равон Русия бо лоиҳаи нави Интерпол  "Часовщик" ҳамроҳ шуд, ки он зидди тайёр кардани таҷҳизоти худтарканда, аз ҷумла бо мақсадҳои террористӣ мубориза мебарад.

Имконияти Интерпол барои тафтиши паёмдонҳо, шабакаҳои видеоӣ, сомонаҳо, ки онҳоро террористон метавонанд истифода баранд, ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Соли 2016 бо ҳамкории Бюрои русии Интерпол 63 террорист аз китшварҳои хориҷ бозпас хонда шуд.

Интерпол — номи кӯтоҳи Ташкилоти байналмиллалии полиси ҷиноӣ — ташкилоти байналмиллалист, ки вазифаи асосии он муттаҳам кардани қувваҳои миллии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи  кишварҳои аъзои мубориза бо ҷиноятҳои умумибашарӣ мебошад.

Барчаспҳо:
кофтукови байналмиллалии террористон, Интерпол, Александр Прокупчук, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ