08:06 19 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Тамринҳои низомии Рисолати сулҳ-2016. Акс аз бойгонӣ

Ҳамсоякишварҳо дар Тоҷикистон бар зидди терроризм мубориза мебаранд

© Sputnik
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
9301

Дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ омӯзиши якҷояи гурӯҳӣ таҳти унвони “Душанбе-Антитеррор-2017” баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Бино ба  иттилои хабаргузории РИА Новости омӯзиши "Душанбе-Антитеррор-2017" дар шаш кишвари ИДМ гузаронида мешавад.

Роҳбари маркази зидди терористии ИДМ генерал-полковник Андрей Новиков мегӯяд, ки "Аз ҳамаи чорабиниҳое, ки баргузории онҳо имсол дар нақша аст, мехоҳам омӯзиши "Душанбе-Антитеррор-2017"-ро махсусан қайд намоям".

Ӯ хабар дод, ки тамринҳои омӯзишӣ дар Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Ҳамин тавр Новиков гуфт, ки дар тамринҳо мақомоти қудратӣ, қувваҳои мусаллаҳ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаш кишвар ҷалб карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки қисмати хотимавии омӯзиш ва тамрини муштарак дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар кори роҳбарони марказҳои зидди террористии кишварҳои ИДМ намояндагони мақоқотҳои зидди тероористии Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Турккманистон ва Узбакистон иштирок менамоянд.

Мавзуъ

Раҳимзода ва командири поҳгоҳи 201-ум терроризмро муҳокима карданд
Раҳимзода: бояд ҳамеша бо ҳам бошем
Раҳимзода: ҳар як корманди мақомот бояд ҳушёр бошад
Барчаспҳо:
тарминҳои низомӣ, омӯзиш, Маркази зидди террористӣ, Андрей Новиков, ИДМ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ