22:23 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Машварати вазири корҳои дохилии ҶТ бо кормандони милитсия

Нигаронии Раҳимзода аз ҷиноятҳои коррупсионии кормандони милитсия

© Фото: Аз хадамоти матбуоти ВКД ҶТ
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
35821

Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори нигаронӣ намуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дирӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи селекторӣ доир гардида, масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, пешгирии ҳаракатҳои коррупсионӣ дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва риояи қонуният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рафти ҷаласа, вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳолатҳои даст задани кормандон ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидоштаро мавриди муҳокима қарор дод.

Мулоқоти вазири корҳои дохилии ҶТ бо кормандони милитсия
Мулоқоти вазири корҳои дохилии ҶТ бо кормандони милитсия

Вазир зикр кард, ки кормандони милитсия бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро дар пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта равона созанд.

Раҳимзода Рамазон аз содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба баъзе роҳбарони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки кормандонашон даст ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ задаанд, ҷазои интизомӣ татбиқ намуд.

Дар интиҳои ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва ба роҳ мондани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон бо Рустам дар бораи коррупсия машварат кард
Нисневич: коррупсия дар ОМ-мероси Иттиҳоди Шӯравӣ аст
Афзоиши коррупсия: прокуратура 2, маориф 4 ва тиб 5 баробар ...
Барчаспҳо:
ҷиноят, коррупсия, ҷаласа, ВКД-и Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ