Муҳоҷире аз Тоҷикистон дар қутби Шимол барои ёрирасонӣ ба ДОИШ боздошт шуд

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкКорманди Созмони федеролии амнияти Русия, акс аз бойгонӣ
Корманди Созмони федеролии амнияти Русия, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон, ки дар вилояти Мурманск зиндагӣ ба сар мебурда, барои ворез кардани пул ба ҳисоби созмони теруристии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъст, боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар вилояти Мурманск, ки дар шимолу ғарби Русия дар мадори Шимолгон ё қутби Шимол ҷой дорад, як шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо созмони теруристии ДОИШ боздошт шудааст.

Равобити умумии Идораи Созмони федеролии амнияти Русия дар вилояти Мурманск аз боздошти ин муҳоҷири 38-сола хабар дода ва эълом кардааст:

"Ин шаҳрванд дақиқан медониста, ки созмони байнулмилалии "Давлати исломии Ироқу Шом" созмони теруристӣ будаву фаъолияти он дар қаламрави Русия мамнуъ шуда, вале чун пайрави равияи тундгарои исломӣ буда, тасмим гирифта онро ёрии молӣ бирасонад ва пулашро ба ҳисобе ворез карда, ки яке аз аъзои он созмон барояш дода будааст".

Бозҷӯёни Идораи Созмони федеролии амнияти Русия дар вилояти Мурманск барои бозҷӯии ин қазия парванда боз кардаанд. Шаҳрванди Тоҷикистон ки номаш бурда нашудааст, ба иттиҳоми "ҳамдастӣ дар фаъолияти теруристӣ" боздошт шудааст.

Ин шаҳрванд дар як амалиёти муштараки идораҳои Созмони амнияти миллӣ ва вазорати умури дохила дар вилояти Мурманск ошкор ва боздошт шудааст.

Лентаи хабарҳо
0