04:57 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Солдат вооруженных сил Таджикистана на границе с Афганистаном, архивное фото

Наздикии хатарнок: марзбонони тоҷик аз пешрафти Толибон нигарон шуданд

© Sputnik / Семиряга
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
41910

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вокуниш ба пешрафтҳои Толибон дар он сӯи рӯди Панҷ чораҳои амниятӣ дар марз бо Афғонистонро бештар кардаанд

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Бино ба гузориши хабаргузории "ТоҷикТА", сарҳадбонони тоҷик авзоъ дар минтақаҳои ҳаммарзи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахашон бо Афғонистонро таҳти назорати қатъӣ қарор додаанд.

Чанде пеш бархе аз расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки дар ноҳияи марзии Тоҷикистон, дар вокуниш бо ҳамлаи гурӯҳи "Толибон" ба вулусволии Зебок ва ишғоли он, вазъи изтирорӣ эълом шудааст.

Бино ба иттилоъи сухангӯи Фармондеҳии Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев, марзбонон вазъ дар ноҳияи Ишкошимро, ки бо вулусволии Зебок ҳаммарз аст, зери назорат доранд.

"То кунун гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳеч кӯшише барои гузор аз марз бо Тоҷикистон накардаанд. Ҳамчунин ҳеч талоше таҳрикомезу ҷангҷӯёна аз он сӯ нашудааст. Вазъ дар маркази ноҳияи Ишкошим ором аст", — гузориш дод Улуғхоҷаев.

Гуфта мешавад, ки ҳамакнун нерӯҳои давлатии Афғонистон кӯшиш доранд Зебокро аз Толибон бозпас бигиранд.

Вале "Толибон" пештар эълом карда буд ки амалиёти баҳориеро ки "Мансурӣ" номгузорӣ шуда, оғоз намуда ва қасд дорад минтақаи фармонравоияшонро дар Афғонистон густариш бидиҳад.

Мавзуъ

Инфиҷор дар Афғонистон: сарбозон маҳалли таркишро аз назар мегузаронанд
Як фармондеҳи калидии Толибон дар шимоли Афғонистон боздошт шуд
Ҳашт ҷангҷӯи тоҷикистонӣ дар Афғонистон кушта шудаанд
Барчаспҳо:
сарҳадбонӣ, амният, Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ, Муҳаммад Улуғхоҷаев, Зебок, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ