09:21 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
64 0 0

Нерӯҳои марзбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико афзорҳои иртиботиву мухобиротӣ ва худрав ба арзиши куллии шаш милюн дулор дарёфт карданд

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Имрӯз дар Душанбе бо ширкати сафири Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саидмуъмин Ятимов ва фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ маросими тақдими ёриҳои Амрико ба марзбонони тоҷик баргузор шуд.

"Ин васоил барои беҳбуди тавонмандиҳои ҷангии Нерӯҳои марзбони Тоҷикистон дар пайкор бо қочоқи маводи мухаддир аз марзҳои кишвар ба кор бурда хоҳад шуд", — гуфт дар ин маросим сафири Амрико.

Вай таъкид кард, ки ҳамкориҳои Амрико ва Тоҷикистон беҳбуди посдории марзҳои Тоҷикистон аз хатарҳои фаромиллиеро дар пай дорад, ки суботу амнияти Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд.

"Қочоқи маводи мухаддир мояи нигарониҳои вижа аст, зеро даромад аз фурӯши маводи мухаддир дар саросари ҷаҳон барои сармоягузории созмонҳои теруристӣ ба кор меравад", — афзуд хонум Миллард.

Ин 15 худрав ва афзорҳои итиботиву мухобиротӣ дар чорчӯби Барномаи пайкор бо қочоқи маводи мухаддир сармоягузорӣ шудаанд, ки Ситоди Фармондеҳии марказии Амрико бар асоси таъаҳҳудоти дарозмуддати худ дар ростои мубориза бо муъомилаи ғайри қонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Тоҷикистон аз Амрико аз соли 2006 то кунун дар чорчӯби ин Барнома камубеш 155 милюн дулор арз барои таҷҳизу омодасозии нерӯҳои амниятӣ ва пайкоргар бо маводи мухаддир дарёфт кардааст.

Мавзуъ

Занони Норак Сафири Амрикоро ба рақс дароварданд
Амрико дар Қубодиён омӯзишгоҳи дӯзандагӣ роҳ андохт
Тоҷикистону Амрико ҳамкориҳои низомиро густариш медиҳанд
Барчаспҳо:
марзбонӣ, Нерӯҳои марзбонӣ, Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, Саидмуъмин Ятимов, Элизабет Миллард, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Амрико, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ