17:47 19 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Тамрини муштараки ҳарбиёни рус ва тоҷик дар марз

Нерӯҳои вижаи Русия дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷангҷӯёнро “меҷӯянд”

© Sputnik
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
13702

Дар паи пайдо кардани маҳалли тамаркузи ҷангҷӯён нерӯҳои ҳавоӣ ва тӯпхона бар онҳо ҳамла мекунанд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Равобити умумии Минтақаи низомии марказии Русия иттилоъ медиҳад, ки низомиёни ягонҳои нерӯҳои вижаи Русия дар марзи Тоҷикистону Афғонистон размоиш баргузор мекунанд.

Бино бар барномаи ин размоиш, нерӯҳои вижа аз ҳавопаймо партоб шуда бо чатр дар размоишгоҳи кӯҳистонии "Ҳарбмайдон" фурӯд омадаанд ва амалиёти ҷустуҷӯи гурӯҳҳои теруристӣ, ошкорсозии роҳҳои қочоқи ҷангафзору маводи мухаддир ва урдугоҳҳову анборҳои душманро оғоз карданд.

Дар паи пайдо кардани маҳалли тамаркузи ҷангҷӯён ва даргир шудани нерӯҳои вижа, нерӯҳои ҳавоӣ ва тӯпхонаву ракетандозҳо ба ёрияшон мешитобанд.

Ба гуфти намояндаи расмии МНМ Русия Ярослав Рошупкин, дар размоиши муштарак 2 ҳазор низомии рус ширкат карда, беш аз 300 зимреҳпӯшу ракетандозу дигар ҷангафзорҳо ба кор бурда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта дар қаламрави шаш кишвари ИДМ марҳилаи нахусти размоиши зиддитеруристии "Душанбе — Антитеррор — 2017" шуруъ шуд.

Размоиш дар ду марҳила баргузор мешавад ва шаш рӯз давом меёбад.

Марҳилаи дувуми размоиш аз 31 май то 1 июн дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Мавзуъ

Низомиёни рус ба минтақаҳои зарардидаи Тоҷикистон кӯмаки иҷтимоӣ расониданд
Низомиёни рус ба тамрингоҳе ба Тоҷикистон мераванд
Вашингтон боз аз ҳузури низомиёни рус дар Украина изҳори назар кард
Барчаспҳо:
"Ҳарб - майдон", Душанбе-Антитеррор-2017, тамрин, ОҲМ-и Русия, Афғонистон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ