08:02 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
92 0 0

Натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаш моҳи аввали соли 2017 қаноатбахш арзёбӣ гардидаааст

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВУД ҶТ, рӯзи 18 июл дар толори маҷлисгоҳи ин ниҳод натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаш аввали соли 2017 ҷамъбаст шуд.

Ба гузориши манбаъ дар ин маҷлис, ки таҳти раёсати вазири ВУД Рамазон Раҳимзода сурат гирифтааст, барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ супоришҳои мушаххас ва дастурҳо дод шудааст.

Рамазон Раҳимзода ҳангоми суханронӣ гуфтааст, ки дар давраи сипаригардида ҳайъати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, теруризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, хариду фурӯши одамон ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо саҳми назаррас гузоштанд.

Рамазон Рахимзода, акс аз бойгонӣ
Предоставлено Мавзуной Абдуллоевой

Вай ҳамчунин ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолият дар самти амалияи маъмурӣ, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, муноқишаҳои байнимактабӣ, авбошӣ, қоидавайронкуниҳо дар роҳҳои кишвар ва паст намудани сатҳи садаманокӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Дар хотимаи ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани онҳо ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳои қатъӣ дода, зикр кард, ки ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хатару таҳдидҳои замони муосир ва шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ чораҳои судманд андешида шавад.

Мавзуъ

ВКД: мардум ба Рамазон Раҳимзода эътимод дорад
Рамазон Раҳимзода хостори баланд бардоштани мақоми зан шуд
Рамазон Раҳимзода садумин солгарди таъсиси Неруҳои интизомии Белорусро ба Игор Шуневич табрик гуфт
Рамазон Раҳимзода аз хатарот дар минтақаи СҲШ гуфт
Барчаспҳо:
маҷлис, Рамазон Раҳимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ