06:13 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Совместные военные учения вооруженных сил Грузии и США Достойный партнёр

ВУХ Русия: размоиши ИМА ва ҶТ суботу амният дар минтақаро устувортар мекунад

© Sputnik / Александр Имедашвили, STF
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Вазорати умури хориҷаи Русия ёдоварӣ кард, ки беҳбуди амнияту субот дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аз барномаҳои калидии корзорҳои байналмилалӣ бо ҳаросафканӣ ва қочоқи маводи мухаддир аст

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Маскав бар ин бовар аст, ки размоишҳои Амрико ва Тоҷикистон дар беҳбуди суботу амният дар минтақа асаргузор хоҳанд буд, гуфт муъовини мудири Дафтари иттилоърасонии Вазорати умури хориҷаи Русия Артём Кожин.

"Мо медонем, ки ИМА дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар аз гоҳе барномаҳои муштараке чун ҷангомӯзиву размоиш баргузор мекунад то тавонмандии нерӯҳои амниятиро дар пайкор бо ҳаросафканӣ ва қочоқи маводи мухаддир беҳбуд бахшад", — таъкид кард вай.

Дипломати рус афзуд, ки беҳбуди амнияту субот дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аз барномаҳои калидии корзорҳои байналмилалӣ бо ҳаросафканӣ ва қочоқи маводи мухаддир аст.

Ёдоварӣ мекунем, ки размоиши байнулмилалии "Ҳамкории минтақаӣ — 2017" бо ширкати Нерӯҳои Ситоди фармондеҳии марказии ИМА ва низомиёни Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон ва ҳамчунин нозироне аз Қазоқистон аз 10 то 23 июл дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

Бахше аз барномаҳои размоиш дар шаҳри Душанбе багузор мешаванд ва сипас аз 17 то 21 июл низомиёни ИМА ва Тоҷикистон дар размоишгоҳи "Фахробод" размоиши дуҷониба хоҳанд дошт.

"Ҳамкории минтақаӣ" шабеҳсозии амалиёти сулҳофариниест, ки бо ваколати Созмони милали муттаҳид баргузор мешавад ва равишҳои мубориза бо теруризм, таъмини амнияти марзҳо, ҳамоҳангсозии ёрирасонӣ дар умури изтирорӣ ва балоҳои табиӣ ва таъмини амнияту субот дар минтақа тамрин хоҳанд шуд.

Дар ин размоиш амалиёти посдории субот, амнияти марзҳо, вопоиши марзбонӣ, мубориза бо теруризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷангафзорҳо тамрин мешаванд. Ба иттилоъи сафорати Амрико, дар ин амалиёт панҷ кишвар ва беш аз 200 намояндагони кишварҳои узв ширкат хоҳанд кард. Ин размоишро Вазорати дифоъи Тоҷикистон фармондеҳӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки ин размоиш ҳамкориҳо ва ҳамоҳангии корбурдии нерӯҳои мусаллаҳ ва амниятиро густариш дода, тавоноии онҳоро барои ҳалли масоъили амниятӣ беҳбуд бахшида ва суръати вокуниши сареъи нерӯҳои чандмиллиятиро афзоиш медиҳад. 

Гуфтанист, ин размоиш аз соли 2001 то кунун ҳар сол дар чорчӯби ҳамкориҳои Амрико бо кишварҳои минтақа баргузор мешавад. Охирин размоиш миёни нерӯҳои Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 16 то 28 сентябри соли 2016 дар иёлати Массачусетс баргузор шуда буд.

Мавзуъ

Тоҷикистон размоиши нерӯҳои Амрико ва кишварҳои осиёиро фармондеҳӣ хоҳад кард
Русия ва Тоҷикистон дар кӯҳистон размоиш баргузор мекунанд
Артиш дар вилояти Суғд размоиш баргузор мекунад
Аз дидгоҳи дурбин: размоиши низомиёни Русия ва Тоҷикистон
ВКД Тоҷикистон: бо нерӯҳои Амрико рангоҷанг дорем, на размоиш
Низомиёни Русия ва Тоҷикистон дар панҷ размоишгоҳ бо "теруристҳо" пайкор мекунанд
Барчаспҳо:
ҷангомӯзӣ, размоиш, ВУХ Русия, Артём Кожин, Тоҷикистон-ИМА, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ