19:19 05 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Боздиди вазири ВКД аз муассисаи нақлиётӣ

Боздиди вазир аз муассисаи нақлиётӣ ва супоришҳояш барои зимистонгузаронӣ

© Фото : Аз равобити умумии ВКД ҶТ
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
173 0 0

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз корҳои ободонию созандагӣ дар Муассисаи нақлиётии вазорат боздид кард

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Бино ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, зимни боздид аз таъмиру таҷдиди бинои асосӣ ва иловагии муассисаи мазкур, вазир аз ҳолати техникӣ ва таъмири автомашинаҳо, устохонаҳо, таваққуфгоҳ ва ҷойи рангу бори воситаҳои нақлиёт дидан кард.

Муассисаи нақлиётии ВКД ҶТ
© Фото : Аз равобити умумии ВКД ҶТ
Муассисаи нақлиётии ВКД ҶТ

Дар ҷараёни боздид вазир  ба масъулини соҳа ҷиҳати аз таъмири босифат баровардани автомашинаҳои хизматӣ ва ба ин васила таъмин намудани ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо воситаҳои нақлиёт як қатор дастуру супоришҳо дод.

Зикр гардид, ки баҳри вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ гардида, ҷиҳати захира намудани равғанҳои молиданӣ ва сӯзишворӣ тадбирҳои судманд андешида шаванд.

Мавзуъ

Гузориши ВУД аз нишасти матбуотӣ бо Рамазон Раҳимзода
Сипаҳбад Раҳимзода: СҲШ дер ё зуд ҲНИТ-ро созмони теруристӣ хоҳад шинохт
ВКД: мардум ба Рамазон Раҳимзода эътимод дорад
Рамазон Раҳимзода хостори баланд бардоштани мақоми зан шуд
Сарҳанг Раҳимзода: ҷавонон бисёр қонуншиканӣ мекунанд
Барчаспҳо:
боздид, Муассисаи нақлиёти ВКД, Рамазон Ҳамро Раҳимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ