01:05 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
106 0 0

Додгоҳи шаҳри Маскав се шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми омодасозии амалиёти теруристӣ дар пойтахти Русия барои ду моҳ боздошт кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Маскав ҳукми боздошти се шаҳрванди Тоҷикистонро содир кард, ки муттаҳам ба омодасозии амалиёти интиҳорӣ дар пойтахти Русия шудаанд.

Яке аз ин боздоштшудагон Давлатёр Ҳоҷиев аст, ки соли 1987 дар Тоҷикистон зода шуда ва то замони дастгир шуданаш дар ноҳияи Пушкин дар вилояти Маскав зиндагӣ мекард. Ӯ ҳамсар дорад, вале дар ҷое расман кор намекардааст.

Вай дар додгоҳ иттиҳомотеро, ки бар ӯ задаанд, радд кард ва ҳамдаст буданаш дар омодасозии амалиёти ҳаросафканиро бар дӯш нагирифт.

"Иттиҳомотро қабул надорам. Маро ба ҳамдастӣ фаро хонданд, вале нахостам ва нарафтам", — гуфт ӯ дар додгоҳ.

Додгоҳ ҳукм кард, ки Давлатёр Ҳоҷиев то 11 окятбр дар боздоштгоҳ бандӣ шавад.

Вале ду муттаҳами дигар — Сулаймон Бурҳонов, зодашуда дар соли 1995 ва Сиёвуш Давронзод, зодашуда дар соли 2000, ба ҷурмашон иқрор кардаанд. Додгоҳ онҳоро низ барои ду моҳ боздошт кард.

Ёдоварӣ мекунем, ки Созмони федеролии амнияти Русия (ФСБ) 14 август аз дастгир кардани чаҳор ҳаросафкан — маъмури сиррӣ, масъули бумбсозӣ ва ду ҷангҷӯи интиҳории созмони байналмилалии теруристии "Давлати исломӣ" (мамнуъшуда дар Русия), хабар дод, ки барои анҷоми ҳамлаҳои маргталабона дар сомонаи таробарӣ ва фурӯшгоҳҳои бузурги Маскав омода мешуданд. Яке аз ин дастгиршудаҳо шаҳрванди Русия ва дигарон шаҳрванди Тоҷикистон будаанд.

ФСБ иттилоъ дода, ки "амалиёти теруристиеро, ки омода мешуданд, саркардаҳо ва маъмурини сиррии созмони байналмилалии теруристии "Давлати исломӣ", ки дар Сурия қарор доранд, аз ҷумла Назаров Т. М. ва Ширинҷонов А. М. — раҳбари омӯзишгоҳи тахрибкорони ДОИШ, ки дар бозҷусти байналмилалӣ қарор доранд, ташкил кардаанд".

Ҳангоми дастгир кардани ин муттаҳамон аз манзилашон маводди мунфаҷирае ёфт шудааст.

"Мо аз он намуна бардоштем. Ин модда пероксиди асетон буд, ки маводи мунфаҷирибисёр хатарнок аст", — тавзеҳ дод маъмури бозҷӯии ФСБ.

Ин моддаро ба далели ҳассосияти бисёр ба зарбаву гармову қудратмандияш теруристҳо фаровон ба кор мебаранд ва онро "модари шайтон" меноманд. 

Мавзуъ

Сафорати Тоҷикистон: ФСБ ба мо иттилоъ надодааст
ФСБ панҷ муҳоҷир аз Осиёи Марказиро дастгир кард. Навори боздошт
Ҳамла ба дафтари ФСБ ду кушта бар ҷой гузошт
Барчаспҳо:
ҳаросафканӣ, теруризм, боздошт, дастгир шудан, Созмони федеролии амнияти Русия (ФСБ), Сиёвуш Давронзод, Сулаймон Бурҳонов, Давлатёр Ҳоҷиев, Русия-Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ