11:03 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Ким Чен Ин. акс аз бойгонӣ

Раҳбари Куреи Шимолӣ артишашро омода ба ҷанг бо Амрико кард

© Sputnik / Илья Питалев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
650 0 0

Ким Чен Ин айни замон амалҳои Амрикоро назорат дорад ва дар сурати амали иғвогарона ҷазираи Гуамро мушакборон хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Раҳбари Куреи Шимолӣ Ким Чен Ин ба низомиёни худ фармон дод, то барои ҳуҷум омода бошанд.

Ба иттилоъи оҷонсии  Reuters, раисҷумҳури Куреи Шимолӣ гуфта, ки фармон бояд дар ҳоли қабул иҷро шавад. Ба қавли ӯ, айни ҳол вай амали Амрикоро назорат мекунад, пасон қарори мушакпартоиро қабул хоҳад кард.

"Вай изҳор дошт, ки агар ИМА аз амалҳои иғвогаронаи худ дар гирду атрофи нимҷазира ба хотири санҷиши парҳезкории Куреи Шимолӣ даст накашад, охирин қарори қаблан зикршудаашро қабул хоҳад кард", —  омадааст дар хабарнома.

Сухан дар бораи таҳдиди Куреи Шимолӣ барои тахриб кардани низомиёни ИМА дар уқёнуси Ором меравад, ки бар хилофи Шӯрои амниятии СММ оиди сангин кардани таҳримҳо нисбати Куреи Шимолӣ қабул шуд, меравад. Дар навбати худ раҳбари амрикоиҳо Доналд Трамп ваъда дод, ки вокуниши "оташин" нишон хоҳад дод.

"ИМА бояд қарори муносиб қабул кунад ва бо амал нишон бидиҳад, ки талош дорад шиддатро дар нимҷазираи Куреи Шимолӣ паст кунад ва  муқовимати хатарноки низомиро пешгирӣ менамояд", — изҳор дошт Ким Чен Ин.

Чанде пеш Ким Чен Ин аз артиши Куреи Шимолӣ боздид карда масъалаи партови мушакро бо низомиён маслиҳат кард.

Дар ҳошияи бад шудани муносиботи ИМА ва Куреи Шимолӣ тақрибан 3,5 милюн шаҳрвандони Куреи Шимолӣ аризаи хидмат дар сафи артишро карданд.

Гуам-ҷазираест дар ғарби уқёнуси Ором. Ин минтақа  аз ИМА нест, вале ба он дахл дорад.

Мавзуъ

Чин бо таҳримҳои Амрико бар Русияву Эрону Куреи Шимолӣ шадидан мухолифат кард
Барчаспҳо:
омодабош, таҳдид, Ким Чен Ин, Куреи Шимолӣ

Мавзӯъҳои асосӣ