04:29 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Тамриноти ҳарбӣ дар суғд. Акс аз бойгонӣ

Размоиши Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Суғд анҷом ёфт

© Sputnik
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
49 0 0

Размоиши подҳаросафкании Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар размоишгоҳи "Чоруқдарон" вилояти Суғд 14 август оғоз шудаву имрӯз ба поён расид

!-- —>

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии мақомоти вилояти Суғд, дар маросими поёни ин размоиш Вазири дифоъ Шералӣ Мирзо ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ширкат карданд.

Ин размоиш бо фармондеҳии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи ҶТ ба дастури Эмомалӣ Раҳмон ва аз рӯи Нақшаи муштараки маҷмуъи барномаҳои аслии Нерӯҳои мусаллаҳ баргузор шуд.

Размоиш дар чаҳор марҳила дар размоишгоҳҳои "Чоруқдарон" ва "Нурафшон" дар бахшҳои назарӣ ва амалӣ ҷараён гирифт.

Дар барномаҳое аз ин размоиш раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва масъулини тамоми сохторҳои қудратӣ ширкат намуда, онҳо ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, сафороиву қадамзанӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, тирандозӣ аз ҷангафзорҳои сангину зиреҳпӯш, силоҳу муҳимоти сабуки ҷангӣ ҷалб карда шуданд.

Дар ин размоиши подҳаросафканӣ ягонҳои подгони Суғд, аслиҳаи мухталифи оташнишон, 10 ҳавопаймои ҷангӣ, камобеш 200 зиреҳпӯш, 70 тӯп ва беш аз 450 худрав истифода гардиданд.

Дар ин маросим ҳамчунин Вазири дифоъ Шералӣ Мирзо бархе аз ширкаткунандаҳоро бо сипосномаву медалу дараҷаҳои низомӣ сарфароз кард.

Ҳамзамон, раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба чанд кас аз онҳо туҳфаҳои пулӣ тақдим намуд.

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун посгоҳи нави марзбониро роҳандозӣ кард
Барчаспҳо:
анҷоми тамринот, Шералӣ Мирзо, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ