19:17 21 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
111 0 0

Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон занеро дар шаҳри Турсунзода ба иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии ҷавоҳиру зеварафзор дастгир кардаанд

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Кормандони милиса дар ҷараёни баргузории амалиёти ҷустуҷӯӣ дар бозори шаҳри Турсунзода зани 41-солаеро ба гумони фурӯши ғайриқонунии ҷавоҳири мӯҳрношуда дастгир кардаанд.

Ба иттилоъи хадамоти матбуотии ВУД ҶТ, ин зан дар бозори марказии шаҳр дукони ҷавоҳирфурӯшӣ дошта ва дар он ҷавоҳиру зеварафзори мӯҳрношуда мефурӯхтааст. Кормандони милиса аз ин дукон ҷавоҳироти бенишону сохташуда аз филиззи зарду сафед, ба вазни умумии 916,3 грам ёфтаву боз ситондаанд.

Бозрасии давлатии иёргузории Вазорати молияи ҶТ мушаххас карда, ки ин ҷавоҳир аз тилло ва нуқра сохта шуда ва 57 221 сомонӣ арзиш доранд, ки камобеш бо 6,5 ҳазор дулор баробар аст.

ВУД ҶТ барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз кардааст.

Мавзуъ

ВУД ҶТ: марде дар Варзоб бунгоҳи гардишгариро фоҳишахона гардондааст
ВУД хабари ёфт шудани зану кӯдаки скочпечро аз рӯди Кофарниҳон такзиб кард
ВУД: мардеро дар қурутобхона лату кӯб карда, 7 рӯз дар анбор ғайриқонунӣ нигоҳ доштанд
ВУД ҶТ: дар Душанбе боз як мард ба иттиҳоми табдили манзилаш ба фоҳишахона дастгир шуд
ВУД ҶТ ҳувияти ронандаи садамаи "Водонасос"-ро эълом кард
Барчаспҳо:
фурӯши ғайриқонунии ҷавоҳир, ВУД ҶТ, Турсунзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ