11:32 21 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.09
  • EUR10.53
  • RUB0.14
Рамазон Рахимзода, акс аз бойгонӣ

Раҳимзода милисаи мастро аз сохтори ВКД ронд

Предоставлено Мавзуной Абдуллоевой
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
10420

Вазири умури дохилии Тоҷикистон капитани милитсия Парвиз Раҳимовро барои идораи мошин дар ҳолати мастӣ ва зер кардани пиёдагард аз симат барканор кард

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати умури дохилаи ҶТ, садама бо иштироки капитани маст 22-юми августи соли 2017, соати 21:30 дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ рух додааст.

"Худрави "Опел-Астра", таҳти идораи ваколатдори калони оперативии шуъбаи таҳлилии банақшагирӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани Раҳимови 31-сола ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Садриддин Айнӣ ба самти кӯчаи Қаҳҳоров, дар ҳудуди кӯчаи Саъдӣ Шерозии пойтахт пиёдагард Маҳмадов Хисрав Бобохонович соли таваллудаш1984, сокини ноҳияи Восеъро зада аз пой афтондааст", —омадааст дар иттилоъия.

Гуфта мешавад, ки ронанда капитани милиса маст будааст.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст:

Нисбати ҳодисаи мазкур аз ҷониби шуъбаи тафтишотии РВКД дар шаҳри Душанбе мавод тартиб дода шуда, аз рӯи тобеъият барои чораандешӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.

Мавзуъ

Супоришҳои Раҳимзода барои таъмини амният дар рӯзи истиқлолият
Сипаҳбад Раҳимзода: СҲШ дер ё зуд ҲНИТ-ро созмони теруристӣ хоҳад шинохт
ВКД: мардум ба Рамазон Раҳимзода эътимод дорад
Рамазон Раҳимзода хостори баланд бардоштани мақоми зан шуд
Барчаспҳо:
ронда шудан, милисаи маст, ВКД-и Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ