04:32 13 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
56 0 0

Теруристҳои дастгиршудаи "Давлати исломӣ", ки қасд доштанд дар шаҳру вилояти Маскав амалиёти интиҳорӣ анҷом диҳанд, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Созмони амнияти федероли Русия (ФСБ) аз дастгир кардани ду шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дода, ки қасд доштаанд 1 сентябр дар шаҳру вилояти Маскав амалиёти интиҳорӣ баргузор кунанд.

Дафтари равобити умумии ФСБ иттилоъ дода, ки дастгиршудагон узви гурӯҳаки теруристии "Давлати исломӣ" (ё ДОИШ, ки фаъолияташ дар Русияву Тоҷикистон мамнуъст) буда ва ҳангоми бозҷӯӣ аз онҳо шумораҳои тамос бо таблиғгарони ДОИШ ва раҳнамоҳои баргузории амалиёти интиҳорӣ ёфта шудааст.

"Яке аз ин дастгиршудагон дар остонаи Рӯзи дониш дар интернет хитобае видюӣ барои аъзои созмони теруристии "Давлати исломӣ" мунташир ва бо теруристҳо байъат кардааст. Аз телефони ӯ шумораҳои таблиғгарони ин созмон ва барномаи амалиёти ҳаросафканӣ дар шаҳру вилояти Маскав ёфт шудааст", —  гуфта мешавад дар иттилоъияи ФСБ Русия.

Созмони амнияти Русия миллияту шаҳрвандии ин дастгиршудагонро ошкор накардааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки ФСБ дар миёнаҳои моҳи август дар Маскав чаҳор ҷангҷӯро дастгир карда буд, ки яке аз онҳо шаҳрванди Русия ва дигарон шаҳрванди Тоҷикистон буданд.

Мавзуъ

Сафорати Тоҷикистон: ФСБ ба мо иттилоъ надодааст
ФСБ панҷ муҳоҷир аз Осиёи Марказиро дастгир кард. Навори боздошт
Ҳамла ба дафтари ФСБ ду кушта бар ҷой гузошт
ФСБ бародари Азимовро дастгир кард. Навори боздошт
Мудири ФСБ: Ҳастаи аслии гурӯҳҳои теруристиро муҳоҷирон ташкил медиҳанд
ФСБ тоҷикеро дастгир кард, ки мехост дар Маскав амали террористӣ ба амал орад
Барчаспҳо:
ФСБ, пайкор бо теруризм, теруризм, ДОИШ, Созмони амнияти федероли Русия (ФСБ), Русия-Осиёи Марказӣ

Мавзӯъҳои асосӣ