02:23 13 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
67 0 0

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, аз ҳувият ва миллияти касоне, ки Созмони амнияти федероли Русия ба иттиҳоми омодасозии амалиёти терурстӣ дар шаҳру вилояти Маскав дастгир кардааст, иттилоъ надорад

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар сафоратҳои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Маскав низ гуфтанд, аз ҳувият ва миллияти теруристҳое, ки Созмони амнияти федероли Русия имрӯз дастгир кардааст, иттилоъ надоранд.

Дафтари равобити умумии ФСБ имрӯз аз дастгир шудани ду ҷангҷӯи "Давлати исломӣ" аз Осиёи Марказӣ ба иттиҳоми омодасозии амалиёти теруристӣ дар шаҳру вилояти Маскав дар 1 сентябр хабар дод.

"Мо иттилоъ дорем, ки ФСБ касонеро имрӯз дастгир кардааст, вале то кунун иттилоъе надорем, ки оё дар миёнашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ё нестанд", — гуфт намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Sputnik Тоҷикистон.

Алишер Усмонов, вобастаи расонаии сафорати Узбакистон дар Маскав, низ гуфт, ки сафорат чунин иттилоъе дар даст надорад.

Сухангӯи сафорати Қазоқистон дар Маскав Жанар Кӯлчабоева низ дақиқан ҳамин посухро дод.

Гулбарчин Бойимбетова, сухангӯи сафорати Қирғизистон низ гуфт, ҳануз намедонанд, ки оё шаҳрвандони ин кишвар дастгир шудаанд ё на.

Мавзуъ

ФСБ боз ду теруристи ДОИШ аз Осиёи Марказиро дастгир кард
Сафорати Тоҷикистон: ФСБ ба мо иттилоъ надодааст
Барчаспҳо:
ДОИШ, теруризм, ФСБ, Созмони амнияти федероли Русия (ФСБ), Сафорати Тоҷикистон дар Русия, Русия-Осиёи Марказӣ

Мавзӯъҳои асосӣ