00:41 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.51
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
70 0 0

Муродбек Қодиров дар додгоҳ иқрор кард, ки қасд дошт дар шаҳру вилояти Маскав амалиёти теруристӣ анҷом диҳад

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Маскав шаҳрванди Узбакистон Муробек Қодировро ба дархости Созмони амнияти федероли Русия барои ду моҳ боздошт кард.

ФСБ Русия ин шаҳрванди Русияро дирӯз дастгир карда ва муттаҳам ба омодасозии амалиёти теруристӣ дар шаҳру вилояти Маскав кардааст.

Додгоҳи шаҳри Маскав дархости Созмони амнияти федеролиро қонеъ карда ин шаҳрванди Узбакистонро барои ду моҳ боздошт кард.

Муродбек Қодиров дар додгоҳ иқрор кард, ки қасд дошт дар шаҳру вилояти Маскав амалиёти теруристӣ анҷом диҳад. Ӯ ҳамчунин гуфта, ки дар вилояти Фарғона зода шудаву зиндагӣ мекарда ва ҳамонҷо ҳамсару фарзанде дорад ва 10 март Маскав омадааст.

Бозҷӯёни Созмони амнияти Русия ӯро муттаҳам ба узвият дар созмони теруристии "Давлати исломӣ" ва омодасозии амалиёти ҳаросафканӣ ба дастури ин гурӯҳ кардаанд.

Мавзуъ

Сафорати Тоҷикистон намедонад, ки ФСБ киро дастгир кардааст
ФСБ боз ду теруристи ДОИШ аз Осиёи Марказиро дастгир кард
Сафорати Тоҷикистон: ФСБ ба мо иттилоъ надодааст
ФСБ панҷ муҳоҷир аз Осиёи Марказиро дастгир кард. Навори боздошт
Барчаспҳо:
боздошт, теруризм, ДОИШ, Додгоҳи шаҳри Маскав, "созмони теруристии "Давлати исломӣ", Муродбек Қодиров, Русия-Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ